spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дастури президент: соҳибкоронро дар 24 соат сабти ном кунед

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон ба масъулини блоки иқтисодии кишвар супориш дод, ки то охири соли 2022  раванди сабти номи соҳибкоронро ба таври электронӣ ва дар давоми 24 соат ба роҳ монанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона» ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлатӣ бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз имтиёзу сабукиҳои андозу гумрукие, ки чанд соли охир ба соҳибкорон дода шуд, ёдоварӣ шуда, зикр намуд, ки то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд.

– Дар кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдовар мешавем, ки вакилони порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 3 ноябрии Маҷлиси намояндагон Кодекси нави андози Тоҷикистонро пазируфтанд. Лоиҳаи кодекси нави андоз дар Тоҷикистон аз ду сол пеш ба ин сӯ таҳия мешуд ва баҳсҳои гармеро низ ба бор оварда буд.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, зимни муаррифи лоиҳаи нави кодекси андоз дар ҳузури вакилони порлумон гуфт, ки тибқи кодекси нав намудҳои андоз дар кишвар аз 10 ба 7 кам карда мешаванд ва меъёри андоз аз даромад аз 13 ба 12 дарсад кам карда шуд.

Дар кодекси нав тағйироту навовариҳои зиёде дар қонунгузории андоз пешбинӣ шудааст, аммо на ҳама тағйирот дарҳол пас аз қабули Кодекси нав мавриди амал қарор мегиранд. Пешбинӣ шудааст, ки меъёрҳои нав давоми чанд сол марҳила ба марҳила иҷроӣ шаванд.

Моҳи майи соли 2019 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо назардошти манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, пеш аз ҳама истеҳсолкунандагон, лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав омода карда шавад.

Қарор буд, ки ин санад дар миёнаҳои соли 2020 қабул карда шавад, аммо пандемия монеъа шуд, ки вазъи молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро ба таври назаррас тағйир дод. Дар робита ба ин, ба таҳиягарони Кодекс лозим омад, ки баъзе меъёрҳои санадро бозбинӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...