Сокинони ноҳияи Ашт аз дарёфти хабари сохтмону таҷдиди роҳи “Хуҷанд-Ашт”, ки дар назар аст давоми панҷ соли оянда оғоз мешавад истиқбол карданд. Ин роҳ, ки аз Шӯравӣ ба мерос мондааст, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо вуҷуди таъмирҳои ҷорӣ вайронаро мемонад ва боиси норизоятиву интиқоди шадиди ронандагону сокинон низ гашта буд.
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонаи худ ба парлумон гуфт, солҳои 2022-2026 сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон-Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ-Қубодиён-Шаҳритус, Данғара-Гулистон-Кӯлоб, Рӯшон-Хоруғ-Кулма, Хуҷанд-Конибодом ва Хуҷанд-Ашт оғоз мегардад.
Хабари сохтмону таҷдиди роҳ аз ҳама бештар ронандагонро шод кардааст, ки даҳсолаҳо инҷониб дар ин масири вайрона мусофиркашонӣ мекунанд.
Таҷдиди ин роҳ, ки дар назар аст дар оянда шимолии Тоҷикистонро ба роҳи Пунгони Ӯзбекистон мепайвандад ва ба як роҳи байналмиллалӣ табдил ёбад, давоми чанд соли ахир аз мавзуъҳои меҳварии нишасту мулоқотҳои роҳбарону вакилон бо сокинони ноҳияи Ашт маҳсуб меёфт.
Азимҷон Мирзоев, ронандаи хатсайри “Шайдон-Хуҷанд” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, аз хабари сохтмону таҷдиди роҳ хушҳол шуд. Вай афзуд, беш аз даҳ сол инҷониб дар ин масири вайрона мусофиркашонӣ мекунад. Ҳарчанд ба гуфтаи ин ронанда ҳамасола ҳукмат бо ҷудо кардани садҳо ҳазор сомонӣ ин роҳро аз таъмири сарсарӣ мекунад, вале бо гузашти ҳамагӣ чанд моҳ ва баъди боришоти тӯлонӣ роҳ боз ба вайрона табдил меёбад.
“Чуқуракҳоро пур мекунанд, аммо баъди чанд вақт роҳ боз вайрон мешавад ва мошинҳо бо душворӣ ҳаракат мекунад. Қисмҳои эҳтиётии мошин зуд-зуд мешиканад”.
Эсан як ронандаи дигари ин масир аз ин хабар хушҳол шудааст. Зеро ба гуфтаи вай ин роҳ ягона масири вайрона байни ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон буд. Ин ронанда мегӯяд, чанд сол пеш дар мулоқот бо раиси ноҳия масъалаи таҷдиди роҳро дар миён гузошта буданд то аз садамаҳои нақлиётие, ки сабабгораш ҷуқуракҳои зиёди роҳ мебошад, пешгирӣ карда шавад.
Паҳлавон Назиров, сардори идораи роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо соли 2017 ба Вазорати нақлиёт лоиҳаи таҷдиди роҳро ба маблағӣ 75 миллион доллари амрикоӣ пешниҳод карда буданд, ки бо сабабҳои номаълум амалӣ нашуд. Моҳи ноябри имсол дафъаи дуюм ин лоиҳаро пешниҳод кардаанд, ки маблағи лоиҳавӣ ба 120 миллион доллар баробар шудааст. Дар доираи ин лоиҳа, 122 километр, ки 96 километри он роҳи байналмилалӣ маҳсуб меёбад ва то гузаргоҳи “Навбунёд-Поп”-и марзи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мерасад, бояд пурра таҷдид карда шавад.
“Аз минтақаи Ғафуров то сарҳади Ӯзбекистон ба қисмати роҳи байналмиллалӣ дохил мешавад, ки “Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон” ном дорад. Ин лоиҳа аз сӯйи Вазорати нақлиёт қабул шуд ва тибқи маълумотҳо барои сармоягузорӣ ба Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва як бонки дигар пешниҳод шудааст”.
Ин роҳ соли 1961, дар замони Шӯравӣ сохта шуда, танҳо соли 1991 қисмати ин роҳ аз марзи Ӯзбекистон то баромадгоҳи ҷамоати Меҳробод бозсозӣ шуда буд.
Дар гузашта ин роҳ як ҷодаи аслии транзитии Ӯзбкистон маҳсуб меёфт. Аммо дар се даҳсолаи охир бинобар таъмирталаб будани ин роҳ ноҳияи Ашт, аз ҷиҳати иқтисодиву саноатӣ заъиф шуд, ки ҳоло яке аз ноҳияҳои рушднаёфтаи шимолии Тоҷикистон дониста мешавад.
Аммо мутахассисон мегӯянд, дар сурати таҷдиди роҳи “Хуҷанд-Ашт” тиҷорат дар ин ноҳия рушд меёбад ва роҳе барои баромадан ба водии Фарғонаи Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар пайдо мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.