Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) маблағгузории иловагиии грантиро дар ҳаҷми 65 млн доллар барои маблағгузорӣ ба татбиқи марҳилаи дуюми барқарорсозии Неругоҳи барқии обии Норак тасдиқ кард.
Тавре ки дар сомонаи Бонк хабар дода мешавад, татбиқи лоиҳа ба тақвияти этимоднокии таъминот бо барқ ва васеъ гардидани миқёси содироти электроэнергияи “сабз” аз Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
“Сармоягузорӣ ба НБО Норак – асоси низоми энергетикии кишвар – барои таъмини устувору боэътимоди аҳолӣ ва корхонаҳои дохили кишвар бо барқ, инчунин афзоиши даромад аз содирот дар бозори минтақавӣ зарур аст”, – иброз доштааст Озан Севимли, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.
Татбиқи марҳилаи I лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Норак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ($225,7 млн), Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ($60 млн) ва Бонки аврусоёии рушд ($40 млн) моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд.
Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм – иваз кардани 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, инчунин автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ шудааст.
Марҳилаи дуюми лоиҳа бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ (50 млн доллар моҳи июни соли 2020 тасдиқ шуд) таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар мегирад. Дар доираи он имконоти ҳайати шахсии неругоҳи Норак ва ШСХК “Барқи тоҷик” баҳри пурзӯр кардани мониторинги бехатарии сарбанд, истифода ва идоракунии иншооти гидротехникӣ тақвият дода мешавад.
Маблағгузории иловагии чанде пеш тасдиқшуда дар ҳаҷми 65 млн доллар ба рӯйпӯш кардани касри (камбуди) маблағгузорӣ дар ҳаҷми 164 млн доллар дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳа равона мегардад.
Ҳаҷми умумии сармоягузории БҶ ба ин лоиҳаи аз лиҳози стратегӣ муҳим ба 341 млн доллар баробар аст.
Тибқи асосноксозии техникӣ-иқтисодии гузаронидашуда, маблағи умумии таҷдиду навсозии неругоҳ то 700 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ гардидааст.
Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо назардошти дастрасии маблағҳо дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак” иқтидори лоиҳавии неругоҳ 10% – аз 3000 ба 3300 МВт баланд бардошта мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.