Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон 7,5%-ро ташкил дод, гуфта мешавад дар гузориши Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Бино ба маълумоти манбаъ, нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 6,6%, маҳсулоти ғайриозуқа – 6,9% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 11,5% боло рафт.
Маҳсулоти озуқаворӣ:
– сабзавот – 14,4%;
– равған ва чарбуҳо – 21,4%;
– маҳсулоти гӯштӣ – 16,3%;
– маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 4,0%.
Маҳсулоти ғайриозуқа:
– бензин – 1,8 баробар;
– гази моеъ – 1,7 баробар;
– сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 1,7 баробар;
– маводи шустушӯйӣ – 3,1%.
Хизматрасониҳои пулакӣ:
– роҳкирои микроавтобус (маршрутка) – 45,0%;
– роҳкирои автобуси шаҳрӣ – 17,9%;
– хизматрасониии тарабхона ва меҳмонхонаҳо – 3,7%.
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2020 низ аз ҳамин сатҳи таваррум интизорӣ мерафт. Аммо аз рӯи натиҷаҳои сол сатҳи рекордии таваррум тайи даҳ соли ахир – 9,4% ба қайд гирифта шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.