spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Барқи тоҷик” қарордодаш бо “Толибон”-ро шарҳ дод: “танҳо ҷанбаи иқтисодӣ дорад”

Тоҷикистону Афғонистон дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба ин кишвар барои соли 2022 ба тавофуқ расидаанд. Дар ин бора қарордоди хосе миёни ширкати "Барқи тоҷик" ва ширкати "Бришно"-и Афғонистон ба имзо расидааст.

Ин қарордод дар пайи як музокироти дурӯза дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба имзо расидааст. Хабари ба имзо расидани ин қарордодро дирӯз ширкати "Бришно" дар сомонааш нашр карда буд. Ҳамчунин имрӯз, "Барқи тоҷик" ҳам ба имзо расидани ин қарордодро таъйид карда, таъкид кардааст, ки ин як қарордоди иловагӣ аст.

Ширкати "Барқи тоҷик" таъкид кардааст, ки "имзои қарордоди иловагӣ фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад".

Тоҷикистон аз қумлаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ягона кишварест, ки то кунун ҳеч тамосу робитае бо ҳукумати "Толибон" баъд аз суқути комили ин кишвар ба ин гуруҳ надоштааст.

Зери ин қарордод Ҳафиз Муҳаммад Амин, раиси ширкати "Бришно" ва директори генералии “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода имзо гузоштаанд.

Бино ба иттилори "Барқи тоҷик" бар асоси ин қарордоди иловагӣ соли 2022 ин ширкати ба ширкати "Бришно" дар фаслҳои гарм, аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарўз то 400 МВТ барқ интиқол хоҳад дод.

"Гап сари он, ки кишвари мо дар ин давра барқи фаровон дорад ва харидори асосии он ширкати "Бришно" ба шумор меравад. Маблағе, ки аз содироти барқ зимни ин қарордод ҳар сол ба даст меояд, барои рушди системаи энергетикӣ хеле зарур аст",-овардааст "Барқи тоҷик" дар тавзеҳи зарурати ин қарордод.

Тоҷикистон миқдори барқе, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ба ширкати «Бришно» интиқол меёбад, 25-30 МВТ гуфта, таъкид кардааст, ки ин миқдор аслан барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист ва ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад.

Ба иддаои "Барқи тоҷик" як шарти муҳими ин қарордод дар муҳлатҳои баррасигардида пардохт намудани қарзҳои ширкати «Бришно» буда, аллакай амалӣ гашта истодаанд.

Мувофиқи қарордоди амалкунанда, то охири сол Тоҷикистон бояд ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол диҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Содироти барқ аз Тоҷикистон ба хориҷа қариб 30% афзуд

Барои 1 кВт/соат барқ Афғонистон 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент – тариқи хати интиқоли барқи 220 кВ маблағ пардохт мекунад.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 94 млн доллар неруи барқ интиқол додааст, ки қариб ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Ба ҷуз Афғонистон, неруи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон низ содирот мешавад.

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 18,7 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...