spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон имкони афзоиши даромади пулии аҳолӣ баррасӣ шуд

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи нуктаҳои паёми президенти Тоҷикистон, ки 21 декабри соли равон садо доданд, ҳамоиш доир гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар музокираҳо роҳбарият, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот ширкат варзиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  Завқӣ Завқизода таваҷуҳи ҳозиринро ба дастурҳои сарвари давлат нисбат ба барномаи рушди кишвар дар панҷ соли наздик ҷалб намуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эмомалӣ Раҳмон: Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 3,3 млн ҷойи корӣ таъсис дода шуд

Аз ҷумла ӯ ба дастурҳо оид ба таъмини рушди иқтисод дар сатҳи 7% дар ин давра, таъсиси беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, беш аз 2 баробар зиёд кардани даромади пулии аҳолӣ, ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 15 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ишора кард.

Дар паёми президент зикр шуда буд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати миёна дар кишвар 87 баробар, ҳаҷми нафақа – 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ – 75 баробар зиёд шуд.

Бино ба маълумоти расмӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83% дар соли 1999 то ба 26,3% дар соли 2019 поин рафт. Аз нашри нишондиҳандаҳои нав дар ин самт дар солҳои 2020-2021 мақомот алҳол худдорӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...