Расонаҳои маҳаллии Афғонистон бо нақли қавл аз масъулини Толибон хабар додаанд, ки дар се моҳи ахир воридоту содирот тавассути гузаргоҳи марзии Шерхонбандар ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилоъ дар ин масир содирот 90 дар сад ва воридот 60 дар сад афзоиш ёфтааст.
Ин гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Афғонистон миёни ноҳияҳои Имомсоҳиби вилояти Кундузи Афғонистон ва Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ аст. Гузаргоҳи Панҷи Поёни Тоҷикистонро бо Бандари Шерхон пули бунёдшуда бар болои дарёи Панҷ (Ому) бо ҳам мепайвандад.
Масъулони Толибон дар вилояти Қундуз решакан шудани фасодро дар ин гузаргоҳи марзӣ омили аслии рушди содироту воридот унвон кардаанд.
Мавлавӣ Мутеъуллоҳ сардори раёсати фарҳангу иттилооти Толибон дар вилояти Қундуз ба хабаргузории “Садои афғон” (“Ово”) гуфтааст, дар моҳҳои мизон, ақраб ва қавс (аз 20 сентябр то 20 декабр)-и сол ҷорӣ 893 мошини борбар содирот ва 1413 мошин аз масири Шерхон вориди Қундуз шудааст.
Ба гуфтаи ин мақоми толибон, дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 103 мошини ҳомили молу коло содир ва 631 мошин ворид шудааст.
Мавлавӣ Мутеъуллоҳ гуфтааст, ки сабаби рушд, решакан шудани фасод ва коҳиши молиёт (андоз) барои тоҷирон мебошад.
Дар ҳамин ҳол омори Тоҷикистон ҳам нишон медиҳад, ки додугирифти Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2021 нисбат ба соли қаблӣ 21,6% афзоиш ёфтааст.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 гардиши молу коло миёни ду кишвар $81,7 миллионро дар бар гирифта, ки $79,2 миллиони он содирот ва наздики $2,5 миллион воридот мебошад.
Аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон ба Афғонистон дар ин давра $56 миллиони онро содироти қувваи барқ дар бар мегирад.
Афзоиши содироту воридот миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳолест, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон (15 августи 2021) Тоҷикистон марзҳояшро ба рӯйи рафтуомади шаҳрвандони Афғонистон бастааст ва тамосҳоее бо ҳукумати Толибон надорад.
Толибон баъди ба ба даст гирифтани гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар режими раводид ё доштани визаи Афғонистонро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ба вижа барои ронандаҳои мошинҳои боркашро бекор карданд.
Ҳанӯз дар моҳи июл як ронандаи тоҷик ба "Азия-Плюс" ягуфта буд, ки "Толибон доштани визаи Афғонистонро барои мо бекор карданд. Ҳамчунин пештар вақте мо дохили Афғонистон мешудам як нав ришвае бо номи “хокпулӣ”, ки тақрибан 200 доллар мешуд аз мо мегирифтанд, ки ҳоло ин ҳам бекор шудааст. Ба ҷуз ин, мо вақте аз Шерхон-Бандар мегузаштем то 1000 сомонии дигар масраф доштем, ин ҳам аз миён бардошта шудааст. Ҳоло танҳо 60 сомонӣ барои нафароне, ки боркашӣ мекунанд медиҳему халос”,-гуфта буд ин ронанда.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.