spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ба суръат поин рафтани қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

Тайи ду ҳафтаи ахир қурби рубли Русия дар Тоҷикистон нисбати асъори миллӣ – сомонӣ ба андозаи 5,4% поин рафт.

Тибқи қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 25 январ 1 ҳазор рубли Русия бо 143,6 сомонӣ иваз мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 13 январ ба ин миқдор рубл 151,8 сомонӣ маблағ гирифтан имкон дошт.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соли 2022 қурби сомонӣ нисбат ба доллар поин меравад

Тез-тез тағйирёбии қурби рубл дар ҷумҳурӣ аз охири соли гузашта мушоҳида шуда, аз 27 декабр то 7 январ 4,4% поин рафт. Баъдан то 13 январ тадриҷан барқарор шудани қурби пули Русия мушоҳида шуд.

Ноустувории рублро маъмулан ба тағирёбии нархи ҷаҳонии нафту газ (маводи сӯхт) рабт медиҳанд, ки воқеан ҳам ба он вобаста аст.

Тибқи маълумоти Идораи омори Русия, соли 2020 даромади Русия аз нафту газ 15,2% нисбати ММД- ин кишвар ва дар низоми буҷетӣ ин даромад тибқи маълумоти Вазорати молияи Русия, 46%-ро ташкил додаанд.

“Аз охири моҳи октябри соли 2021 дар расонаҳои амрикоӣ доир ба омодагии Русия ба "ҳуҷуми" Украина гузоришҳо пайдо шуданд. Пас аз ин ИМА ва Иттиҳоди Аврупо изҳор намуданд, ки дар сурати амалӣ гардидани ҳуҷуми мусаллаҳона таҳримҳо ҷорӣ мекунанд. Аввали соли 2022 шиддати вазъи геополитикӣ боз ҳам бештар тақвият гирифт”, – менависад РБК.

Қобили зикр аст, ки барои оилаҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар кадом сатҳ қарор доштани қурби рубл хеле муҳим аст.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, зиёда аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар қарор доранд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...