Тоҷикистон давоми ду соли охир – 2022-2023 дар ду марҳала ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дубора пайваст хоҳад шуд. Дар ин бора вазири эенергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар нишасти имрӯзаи ниҳоди зери роҳбариаш хабар дод.
Далер Ҷумъа гуфт, дар ин самт ду сол пеш корро оғоз карда буданд ва марҳалаи аввал охири соли 2022 пурра ба охир мерасад
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон баъди Ӯзбекистон аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шуда буд. Ин ҳамон системае аст, ки ҳудуди як ҳафта пеш дар он садама рух дод ва қисми зиёди Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон чанд дақиқа бе барқ монданд. Ӯзбекистон соли гузашта дубора ба ин низом пайваст шуд.
Бояд гуфт, ки Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, рӯзи 2-юми декабр дар Анҷумани дуюми авруосиёӣ дар Маскав гуфта буд, ки "соли оянда Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад”.
Вай чунин изҳоротро дар посух ба пешниҳоди муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар бораи барқарорсозии системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баён дошта, афзуда буд, ки ҳангоми аз сар гирифтани кори системаи муттаҳидаи энергетикӣ бояд тағйирот дар бозор ва ҷаҳон ба назар гирифта шавад.
Шарҳи вазири энергетика дар робита ба садамаи энергетикӣ
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар робита ба садама дар низоми ягонаи энергетикии ОМ дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, дар чунин системаҳои бузург эҳтимоли садама ва хомӯшкунии пурраи барқ ҷой дорад ва дар сурати пайваст шудан Тоҷикистон эҳтимоли чунин ҳодисаро ба назар мегирад.
– Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахасисони кишварҳои ҳамсоя ва мо ташкил шудааст. Мутмаинам, ки онҳо рӯзҳои наздик хулосаи худро пешниҳод мекунанд ва баъд аз ин метавонем сабаби асосии садамаро шарҳ диҳем. Новобаста аз ин, Тоҷикистон бояд таҷҳизоти навтаринро истифода бурда, ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дубора пайваст шавад, то ин низоми энергетикиро пурзӯртар намояд, на баръакс, – гуфт Далер Ҷумъа.
Роҳбари нави “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода таъйид кард, ки ба гурӯҳи корӣ, ки сабабҳои садамаро муайян мекунанд, аз ҳисоби мутахасисони ин ширкат ва ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” намоянда шомил шудааст ва таҳлили пурраи садамаи бамаломада дар якҷоягӣ гузаронида мешавад.
– Сабаби ба амал омадани садамаро бояд муайян кард, зеро барои кор бо устувори низоми ягона мебоист тавозуни байни истеҳсол ва истифодабарӣ баробар бошад. Яъне муттасилаи системаи энергетикӣ бояд тавозуни байни истеҳсолу истифодабарӣ ба дурустӣ риоя шавад. Ин яке аз талаботҳои низоми ягонаи энергетикӣ аст, – гуфт Асозода.
Қатъи густардаи интиқоли барқ дар Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Ёдовар мешавем, ки 25 январи соли равон бар асари садамаи бузург дар шабакаҳои барқии Қазоқистон интиқоли барқ ба шаҳрҳои Алмато, Чимкент, Тарас, Туркистон (вилоятҳо) ва ноҳияҳои гирду атрофи онҳо қатъ шуда буд.
Дар натиҷаи садама шабакаи барқи Ӯзбекистон, ки ба Шабакаи ягонаи барқӣ пайваст мебошад, осеб дида, интиқоли барқ ба вилоятҳои Фарғона ва Тошканд, водии Фарғона, вилоятҳои Сирдарё, Самарқанд, Навоӣ ва Қашқадарё қатъ шуда буд.
Дар низоми энергетикии Қирғизистон, аз ҷумла шаҳрҳои Бишкеку Ӯш ва дигар шаҳрҳо низ мушкилоти интиқоли барқ ба мушоҳида расад.
Доир ба сабабҳои садамаи бузургмиқёс дар шабакаҳои барқӣ мақомоти Қазоқистон ва Ӯзбекистон назари ягона надоранд.
Дар Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон изҳор намуданд, ки қатъи интиқоли барқ дар Осиёи Марказӣ бо сабаби садама дар қаламрави Қазоқистон ба амал омадааст. Дар Вазорати энергетикаи Қазоқистон бошад, сабабро дар низомҳои энергетикии Ӯзбекистону Қирғизистон мебинанд, ки иқтидор барои транзити барқ босуръат афзоиш ёфтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.