spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон бори нахуст аз 1 млрд доллар зиёд шуд

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2021 ҳудуди 1,2 млрд долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Қазоқистон баъд аз Русия дуюмин кишвари шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки муомилоти молиаш бо Тоҷикистон аз ҳадди 1 млрд доллар гузашт.

Соли гузашта гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон тақрибан 30% афзоиш ёфтааст. Дар сохтори он беш аз 820 млн доллар ба воридоти маҳсулот аз Қазоқистон ва 360 млн доллар ба содирот аз Тоҷикистон рост меояд.

Бар асоси омори расмӣ, соли гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 1 млн тонна гандум ва орд ворид шуд. Аз ҳисоби гандуми дар дохили кишвар истеҳсолшуда ҷумҳурӣ танҳо қариб аз се як ҳиссаи талаботи худро ба орд таъмин карда метавонад.

Ғайр аз ин, ҳудуди 90% гази моеъ, ки зиёда аз 60%-и нақлиёти автомобилии Тоҷикистон бо истифода аз он кор мекунанд, аз Қазоқистон оварда мешаванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз 60 ба 180 $ млн: Дар ду моҳ содирот миёни Тоҷикистону Эрон аз буҳрон ба рекорд расидааст

Аз Қазоқистон бештар орду гандум, гази моеъ, маснуоти ордӣ, чарбу ва равғанҳои ҳайвоноту растанӣ, собун, гаҷ ва ғайра оварда мешаванд.

Инчунин ба миқдори зиёд маҳсулоти нафтӣ, сохторҳои (прокатҳои) металлҳои (фулузоти) сиёҳ, махсулоти кимиёи гайриорганикӣ ворид карда мешаванд.

Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон пахта, алюминий ва маснуоти он, маъдан, сабзавоту мева, инчунин маҳсулоти нассоҷӣ содирот карда мешавад.

Ҳиссаи гардиши молу маҳсулот бо Қазоқистон дар соли гузашта аз панҷ як ҳиссаи гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро, ки ба 6,4 миллиард доллар наздик шуд, ташкил дод.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ мемонад, ки ҳаҷми гардиши мол бо ин кишвар зиёда аз 1,3 млрд долларро ташкил медиҳад. Ҳаҷми савдои дуҷониба бо Чин ба 840 млн доллар ва Ӯзбекистон – ба 450 млн доллар баробар аст.

Соли гузашта Тоҷикистон бо 120 кишвари дунё муомилоти додугирифти молу маҳсулот анҷом додааст, ки ҳудуди 50%-аш ба 10 кишвари ИДМ рост меояд.

Тавозуни савдо манфӣ аст: содирот – зиёда аз 2,1 млрд доллар ва воридот – 4,2 млрд доллар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...