Зимни нишасти матбуотии имрӯз, 7 феврал раиси Бонки давлати амонатгузори (БДА)-и Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки агар ҳукумат барои бозсозиву хусусӣ кардани ин бонк тасмим бигирад, мувофиқ аст.
Икромӣ мегӯяд, пешниҳоди ниҳодҳои молии байналмилалиро дар бораи таъсиси як ҷамъияти саҳҳомӣ дар заминаи “Амонатбонк” ва дар идома ба ихтиёри шахсони ҳуқуқӣ супурдани 50% бастаи назоратии саҳмияҳо, дарк мекунад.
Шарикони рушди Тоҷикистон соли гузашта ин пешниҳодро ба ҳукумати Тоҷикистон карда буданд.
Ба гуфтаи Икромӣ, чунин ниҳодҳо бар он афзалият медиҳанд, ки ба тиҷорат бояд бахши хусусӣ машғул шуда, давлат бояд рӯйи фароҳам сохтани шароитҳои зарурии корӣ талош кунад.
Дар гузаштани “Амонатбонк” ба ихтиёри шахсони ҳуқуқӣ бо сабаби он, ки ин бонки давлатӣ дар баробари амалиёти одии бонкӣ, инчунин ба иҷрои баъзе хидматгузориҳои давлатӣ (ҷамъоварии маблағи хидматгузории манзилию коммуналӣ, пардохти нафақа, кумакпулиҳо ва ғайра) машғул аст, ӯ ҳеҷ ҷойи нигароние намебинад. Вай шарҳ дод, ки чунин хидматгузорҳоро бонки ҳама гуна шакли моликият ба мисли “Амонатбонк” бо шартҳои тиҷоратӣ анҷом дода метавонад.
Икромӣ аҳаммияти “Амонатбонк”-ро бо он шарҳ дод, ки ин ташкилоти қарзӣ шабакаи васеи рушдёфтаро дар саросари кишвар дар ихтиёр дорад. Ҳамчунин ӯ ҳиссаи назарраси бонки мазкурро дар бозори миёнаравии молиявӣ бо баъзе нишондиҳандаҳои калидии дигар зикр кард.
Аммо, илова кард Сироҷиддин Икромӣ, ҳалли ин масъала салоҳияти ҳукумат – молики “Амонатбонк” мебошад.
Қаблан рӯзи 2 феврал раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз шумори бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ хориҷ кардани “Амонатбонк”-ро пешниҳод кардааст.
Ӯ ҷузъиёти пешниҳоди ХБА-ро ифшо накард, лекин табиист, ки чунин кор танҳо тавассути коҳиши ҳиссаи ин бонки давлатӣ дар низоми бонкии кишвар имкон дорад.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январ Бонки миллӣ рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолиро барои соли 2022 тасдиқ кард, ки дар он “Амонатбонк” бо 24,64% дар бозори миёнаравии молиявии кишвар мавқеи пешсафро дорад.
Ба рӯйхат инчунин бонкҳои хусусии “Ориёнбонк” (20,06%) ва “Бонки Эсхата” (12,64%) низ шомиланд. Дар идома мисли солҳои пешин ба сифати “ташкилоти қарзии эҳтимолии низомсоз”- ТАҚХ “Имон Интернешнл” қарор дорад.
Бино ба маълумоти БМТ, айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 63 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 13 бонки маъмулӣ, 1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти амонатгузории қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фондҳои қарзии хурд фаъолият доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.