Дар Тоҷикистон шашумини намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон – IRAN EXPO 2022 баргузор мешавад. Дар ин бора сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммад Тақӣ Собирӣ бо нашри баргаи эълони ин намоишгоҳ дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст.
Қарор аст ин намоишгоҳ рӯзҳои 26-уми феврал дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе оғоз шуда то 1-уми март идома кунанд.
Сафири Эрон навиштааст, ки дар ин намоишгоҳ ҳудуди 50 ширкати эронӣ маҳсулоти худро дар заминаҳои саноати маводи хӯрокӣ, масолеҳи сохтмонӣ, лавозимоти хонагӣ, мошинолоти сноативу кишоварзӣ, маҳсулоти саноати электроникӣ, мухобиротӣ ва ғайраро пешниҳод мекунанд.
Ҳамарӯза дари намоишгоҳ барои боздид аз соати 9.00 то соати 17.00 боз аст.
Пас аз сардии равобити Тоҷикистон Эрон дар соли 2015, баргузории намоишгоҳи IRAN EXPO 2022 нахустин чорабинии бузурги ҷониби Эрон аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Аз ин пештар, дар оғози моҳи феврал, ширкатҳои Тоҷикистон дар 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» дар Теҳрон ширкат карда буданд.
Палатаи савдову саноати Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродие чун, «Холис Пласт», «Плас ТҶ», «Асали1» ва «Пласт мастер» ширкат кардаанд. Ин ширкатҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ машғуланд.
Бино ба иттилои Палатаи савдову саноат масъулони ширкатҳои тоҷикӣ дар ин намоишгоҳ бо ширкатҳои ҷумҳуриҳои Туркия, Эрон, Русия, Арманистон, Узбекистон вохӯрда, дар форуму машваратҳо, ки дар доираи намоишгоҳдар назар аст, иштирок мекунанд.
Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» зиёда аз 1200 ширкатро аз 15 кишвари ҷаҳон ба ҳам оварда, майдони умумии намоишгоҳ 75 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Тоҷикистону Эрон апс аз як давраи равобити сарди 5-сола дигарбора ба ҳамкориҳои танготанг дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод пардохтаанд.
Аз ҷумла дар дидори рӯзи 9 феврали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ зикр шуд, ки соли 2021 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба 121 млн доллар расидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати иқтисод ин ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон нишон медиҳад, ки он 2 маротиба зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.
Тоҷикистону Эрон талош доранд ҳаҷми савдои дуҷонибаро то 500 млн. доллар бирасонанд ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон яке аз роҳҳои дастёбӣ ба ин ҳадаф гуфта мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.