Бар пайи таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ болои Русия ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines шурӯъ аз 5-уми март парвозҳояшро ба Тоҷикистонро комилан қатъ мекунад, Дар ин бора ин ширкат дар саҳифаи телеграми худ хабар додааст.
Дар шарҳи далоли қатъи парвозҳояш, ин ширкат гуфтааст, ки ба далели вазъи кунунӣ маҷбур аст, ҳама парвозҳои байналмилалии худро боздорад.
«Бо назардошти вазъи кунунӣ, S7 Airlines маҷбур аст, ки ҳама парвозҳои байналмилалиро аз 5 март ба Австрия, Озарбойҷон, Арманистон, Булғористон, Олмон, Юнон, Испания, Италия, Қазоқистон, Кипр, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Фаронса, Хорватия, Миср, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, АМА, Ӯзбекистон қатъ намояд”, – таъкид кардааст ширкат.
Ширкати ҳамчунин ба мусофирон тавзеҳ додааст, ки дар сурати лағви парвозҳо чӣ кор бояд кунанд.
“Ширкат шуморо аз қатъи парвоз огоҳ мекунад – Агар шумо дар хориҷа бошед, лутфан ба намояндагии S7 Airlines дар фурудгоҳҳо тамос гиред. Коршиносони мо ба шумо барои бозгашт ба ватан ба воситаи шариконамон кӯмак мекунанд. – Шумо метавонед мустақилона масъалаи баргардонидани пули арзиши чиптаро дар бахши «Бронкуниҳои ман» дар s7.ru ё дар барномаи S7 Airlines анҷом диҳед”, – гуфта мешавад дар паёме, ки ширкат додааст.
Агар чипта дар хазинаҳои билетфурӯшӣ ё аз сомонаҳои дигар харидорӣ шуда бошад, ширкати ҳавопаймоӣ маслиҳат медиҳад, ки барои баргардонидани маблағ бояд ба маҳалли хариди чипта муроҷиат намоед.
Гуфта мешавад, ки то ҳол санаи азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ мушаххас нашудааст. Ширкати S7 Airlines аз чаҳор фурудгоҳи Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд Кӯлоб ва Бохтар ба шаҳрҳои гуногуни Русия: аз ҷумла, Новосибирск, Маскав, Барнаул, Омск, Томск ва шаҳрҳои дигар парвоз анҷом медод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.