Нархи сабикаҳо ё худ “хиштҳо”-и тиллои ченшудаи Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози соли равон ба андозаи 25% боло рафтанд.
Арзиши сабикаи 5-грамма имрӯз, 11 март 4 ҳазору 354 сомониро ташкил медиҳад, ки 871 сомонӣ зиёдтар нисбат ба аввали соли ҷорӣ аст. Сабикаи 100-грамма 17 ҳазору 423 гаронтар шуда, акнун аллакай 84 ҳазору 790 сомонӣ нарх дорад.
Аз ҷониби Бонки миллӣ ҳамчунин сабикаҳои ченшудаи вазнашон 10, 20 ва 50 граммӣ низ фурӯхта мешаванд. Чӣ қадре, ки вазни сабикаи ченшуда зиёдтар бошад, тилло ҳамон қадр ба харидор арзонтар меафтад ва баръакс. Масалан, ҳар 1 грамми сабикаи 5-граммӣ ба харидор 879 сомонӣ (68 доллар) ва баръакс 100-граммӣ – 856 сомонӣ (66 доллар) нарх дорад.
Ёдрас мекунем, ки соли 2020 сабикаҳои Бонки миллӣ ба таври қобили мулоҳиза – 43% гарон шуда, соли 2021 ба андозаи 4,1% арзон шуданд.
Қобили зикр аст, ки соли 2020 нархи нисбатан баланди тилло тайи ду қарни охир (аз соли 1830 то ҳозир) ба қайд гирифта шуд: 7 августи соли 2020 арзиши як унсия дар биржаи Лондон (дар бонки Rothschild) ба 2 ҳазору 67,15 доллар расид. Имрӯз як унсия 1 ҳазору 989,65 доллар нарх дорад. Як унсия ба 28,3 грамм баробар аст.
Сабикаҳоро аз куҷо метавон харидорӣ кард?
Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард.
Сабикаҳо аз ҷониби Департаменти гардиши пул ва амалиёти хазинавии БМТ дар Душанбе, ки дар бинои кӯҳнаи бонк воқеъ аст, фурӯхта мешаванд.
Бо пешниҳоди шиноснома ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ сабикаи тилло харида метавонад. Дигар ҳуҷҷати иловагӣ талаб карда намешавад. Дар ҳамин ҳол маҳдудияти фурӯш вуҷуд дорад: ба 1 нафар 1 кило дар як сол.
Шахсони ҳуқуқӣ, ки сабикаҳои тиллои ченшуда харидан мехоҳанд, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи намояндаи шахси ҳуқуқиро бо худ дошта бошанд.
Гувоҳнома (сертифкати) сабика бастаи махсуси муҳофизатӣ мебошад, ки аз маълумоти зерин иборат аст: рақами гувоҳнома, номгӯи маҳсулот ва истеҳсолкунанда, рақам ва озмоиши сабика, инчунин вазни номиналии он бо грамм.
Хариду фурӯши сабикаҳои тиллои ченшуда бо асъори миллӣ – сомонӣ анҷом дода мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.