Қурби доллари нақд дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт пас аз тасҳеҳи он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қариб бетағйир боқӣ мемонад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 март Бонки миллӣ қурби расмии долларро нисбат ба сомонӣ якбора ба андозаи 15% – аз 11,3 сомонӣ то ба 13 сомонӣ тағйир дод.
Қурби харид рӯзи 17 март вобаста ба бонк ба ҳисоби миёна 13 сомонӣ барои 1 доллар ва қрби фурӯш – 13,04 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар бонкҳо асъори амрикоиро харида, лекин намефурӯшанд. Кормандони бонкҳо мавҷуд набудани онро сабаб пеш меоранд.
Долларро имрӯз метавон танҳо аз саррофони ғайриқонунӣ бо қурби 13,20 сомонӣ харид, ки ин қариб 10% арзонтар нисбат ба охири ҳафтаи гузашта аст. Он вақт доллар бо қурби 14,50 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Дар ҳамин ҳол, рубли Русия айни замон дар нуқтаҳои мубодилаи асъор озодона фурӯхта ва харида мешавад.
Бонкҳо онро бо қурби 135 сомонӣ (барои 1000 рубл) харида, бо қурби 138 сомонӣ мефурӯшанд.
Қурби расмии рубл тайи ҳафтаи ахир қариб 20% – аз 0,0995 сомонӣ барои 1 рубл дар рӯзи 9 март то ба 0,1190 сомонӣ дар рӯзи 17 март боло рафт.
Дахолат ба бозори асъор?
Коҳиши назарраси қурби доллари нақд дар бозори ғайрирасӣ ба гумони ғолиб, ба дахолати асъорӣ (интервения)-и Бонки миллӣ аз ҳисоби захираҳои байнулмилалиаш марбут аст.
Гап сари он аст, ки як ҳафта пеш Бонки миллӣ пас аз тасҳеҳи қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар изҳор намуд, ки “бо мақсади қонеъ намудани талаботи норасоии асъор дар бозори байнибонкӣ мудохилаи (интервенсия) асъорӣ анҷом дода мешавад”. Аммо дар бораи чӣ миқдор асъор пешниҳод шудан ба бонкҳо барои дастгирии сомонӣ маълумот дода намешавад.
Дар шарҳи БМТ охири ҳафтаи гузашта зикр шуда буд, ки дар раванди анҷомдиҳии мудохилаи асъорӣ афзалияти аввалиндараҷа, ба дархости воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия дода шуда, зина ба зина дархостҳои субъектҳои дигари хоҷагидорӣ низ қонеъ гардонида мешаванд.
Солҳои пешин раҳбарият Бонки миллӣ зикр мекард, ки барои қонеъ намудани талаботи бозори асъор вобаста ба мавсим ва дархост дар бозор, ҳамарӯза ба бозор баровардани асъор (дахолати асъорӣ) дар ҳаҷми аз 8 млн то 24 млн доллар зарур аст.
Бо назардошти худдорӣ намудани бонкҳо аз фурӯши доллар, метавон тахмин кард, ки онҳо аз Бонки милли ба андозаҳои маҳдуд доллар мегиранд.
Ғайр аз ин, захираҳои асъорӣ ҳам беохир нестанд.То аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии захираҳои тиллову асъор ба 7 моҳи рӯйпӯши воридоти кишвар баробар буд. Дар ҳамин ҳол, қисмати зиёди захираҳои байнулмилалии Бонки миллиро тилло ташкил медиҳад.
Ҳаҷми захираҳои тиллову асъорро дар ифодаи пулӣ Бонки миллӣ ифшо намекунад, лекин тибқи маълумоти Агентии омор, ҳаҷми моҳонаи воридот дар соли 2021 ба ҳисоби миёна 350 млн долларро ташкил медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфтаро татбиқ мекунад.
Мутобиқи ин реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар мегардад.
Дар ҳолатҳои истисноии аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб, Бонки миллӣ ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат менамояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.