Арзиши сӯзишвории автомобилӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта ба ҳисоби миёна ба андозаи 6% ва гази моеъ – 8% поин рафт.
Агар як ҳафта пеш 1 литр гази моеъ 7 сомониву 40 дирам нарх дошт, пас рӯзи 30 март дар вилоятҳои Суғду Хатлон нархи он то ба 6 сомониву 80 дирам пойин рафт, яъне қариб ба андозаи 8,1% кам шуд. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 1 литр гази моеъро бо арзиши 7 сомонӣ харидан мумкин аст.
Ҳамчунин нархи дигар навъҳои сӯзившории автомобилӣ низ поин рафт: нархи чаканаи 1 литр бензини бештар серистифода (АИ-92) дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта аз 12,2 сомонӣ то ба 11,6 сомонӣ (4,9%), навъи АИ-95 – аз 12,7 сомонӣ то ба 12,1 сомонӣ (4,7%) поин рафт.
Арзиши сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар нуқтаҳои фурӯш қариб тағйир наёфт: пештар – 12,4 сомонӣ ва рӯзи 30 март – 12,3 сомонӣ (0,8%).
Коршиносони бозори сӯзишворӣ мегӯянд, поинравии нархи маводи сӯзишворӣ ба болоравии қурби рубл нисбати доллар ва коҳиши нархҳои он дар биржаҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.
Мувофиқи омори расмӣ, 86% маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон аз Русия ворид намуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.
Қаблан дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.
Қобили зикр аст, ки гароншавии маводи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш аз аввали моҳи март то охири моҳи апрели соли гузашта идома ёфта, лекин дар моҳи май вазъ дар бозор ба эътидол омада, нархҳо ҳатто каме поин рафтанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.