Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯхт, аз қабили бензину газ ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) назар ба поёни ҳафтаи гузашта каме арзонтар шудааст.
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ(НФС)-и Душанбе дар ҳоли ҳозир 1 литр бензин АИ-95 11,90 АИ- 92 11:40 сомони, дизел 12-12:20 сомон ва гази моеъ 6:80 сомони.
Дар НФС-ҳо мегӯянд арзиши маводи сӯхтро воридкунандагони калон поён овардаанд ва пасту боло шудани нархҳо, аслан аз ширкатҳои воридкунанда бастагӣ дорад.
Дар ҳамин ҳол, дар давоми як ҳафтаи ахир арзиши маводи сӯхт дар шимоли Тоҷикистон шам пойин рафта, дар муқоиса ба охири моҳи март, имрӯз қимати бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ то 20 дирам арзон шудааст.
Субҳи 7-уми апрел дар тоблуи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд арзиши 1 литр бензини АИ-95 11:90, АИ-92 11,40 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) 12:20 сомонӣ ва гази моъе 6:70 сомонӣ ва дар баъзе нуқтаҳо 6,60 сомонӣ навишта шудааст.
Дар муқоиса ба нархномаи охири моҳи март нархи ҳама намуди навъи бензин ва гази моъе 20 дирам ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) 10 дирам арзонтар шудааст.
Рӯзи 31-уми март дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд нархи фурӯши 1 литр бензини навъи АИ-95 12,20 сомонӣ ва серистеъмолтари он АИ-95 12,10 сомонӣ, АИ-92 11,60 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) 12,30 сомонӣ ва гази моъе 6,80-6,90 сомонӣ буд.
Дар яке аз нуқтаҳои сӯхтфурӯшии вилояти Суғд сабаби то ҷойе пойин рафтани нархи маводи сӯхтро ба мо шарҳ надоданд ва танҳо гуфтанд, ки “дар асоси дастуре, ки аз боло мешавад нархномаро ҳамарӯза иваз мекунанд”.
Аммо бино ба мушоҳидаҳо ва арзёбии коршиносони бозори сӯзишворӣ поинравии нархи маводи сӯхт ба болоравии қурби рубли русӣ нисбат ба доллар ва коҳиши нарх дар биржаи ҷаҳонӣ аст. Ба иттилои омори расмӣ 86% маҳсулоти нафтии воридшуда ба Тоҷикистон аз Русия ва ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз 7-уми апрел дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон бензин 11:40, сӯзишвории дизелӣ 12-12:20 ва газ 6:80 қимат дорад.
Пештар дар Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд гуфта буданд, ки дар моҳи феврали имсол назар ба ҳамин давраи соли 2021 воридоти ҳама намуди маҳсулоти нафтӣ 3896 тонна, аз ҷумла бензин 1246 тонна, сӯзишвории дизелӣ 2313 тонна зиёд шудааст. Аммо воридоти гази моъе 441 тонна дар муқоиса ба моҳи феврали як соли пеш дар моҳи феврали имсол кам шудааст.
Дар гузашта аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.