Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои дастрас намудани квотаи зироати ғалладона аз Русия дар шакли тавозуни индикативӣ бидуни боҷи гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин бора дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои имконпазир ба иқтисодӣ миллӣ, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст, сухан меравад.
Дар назар аст, ки зироати ғалладонаи имтиёзноки аз Русия дастрасгардида бо рубл пардохт карда шавад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз Тоҷикистон зиёда аз 90%-и зироати ғалладонаро аз Қазоқистон ворид мекунад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 60 млн доллар ҳудуди 203 ҳазор тонна гандум оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи вазн 7,6% камтар ва аз рӯи арзиш – 12,7% зиёдтар аст.
Талаботи Тоҷикистон ба гандум беш аз 2 млн тонна дар як солро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, ҷумҳурӣ онро дар ҳаҷми 1 млн 200 ҳазор тонна мехарад.
Ёдрас мекунем, ки Вазорати кишоварзии Қазоқистон ба содироти зироати зироати ғалладона ва орд маҳдудият ҷорӣ кард. Фармони Вазорат 16 апрели ҳамин сол ба имзо расид.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2013 маҳсулоти нафтиро аз Русия бо механизм дар шакли тавозуни индикативӣ мегирад ва зироати ғалладонаро ҳам ба ин тариқ дастрас карданист.
Мувофиқи ин механизм Русия ҳамасола 830 ҳазор тонна маҳуслоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи гумрукии содиротӣ ҷудо мекунад, лекин Тоҷикистон танҳо ҳудуди 600 ҳазори онро мегирад.