Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 85 млн доллар содироти фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо сурат гирифт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 88% камтар аст. Давоми моҳҳои январ-марти соли гузашта ҳаҷми содироти фулузоти қиматбаҳо ҳудуди 709 млн долларро ташкил дода буд.
Ҳиссаи фулузоти қиматбаҳо дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон аз 75% дар ҳамин давраи соли гузашта дар семоҳаи аввали соли равон то ба 18% поин рафт.
Баҳори соли 2020, замони пандемияи COVID-19 фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба хориҷи кишвар ба таври назаррас афзуд. Дар шароити марбут ба пандемия, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли пул низ коҳиш ёфта, ба Тоҷикистон лозим омад, ки барои таъмини воридот бо асъори хориҷӣ, қисмате аз захираҳои тиллояшро фурӯшад.
Тибқи маълумоти Агентии омор, тайи ду соли ахир Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1,6 млрд доллар металлҳои қиматбаҳо фурӯхт, ки ба 46% аз ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар ин давра баробар аст.
Захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон дар Бонки миллӣ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Раҳбарияти Бонки миллӣ моҳи феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки то аввали соли 2022 захираҳои тиллову асъори 7 моҳи рӯйпӯши воридотро ташкил додаанд. Маълумот дар бораи захираҳои байнулмилалии Вазорати молия ифшо намешавад. Захираҳои тилло аз ҳисоби металли дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда пур карда мешаванд.
Қаблан дар Вазорати саноат хабар дода буданд, ки ба ҷуз ҳаҷми начандон зиёд, ки коргоҳҳои заргарии ватанӣ мегиранд, металлҳои қиматбаҳо пурра аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молия харида мешаванд. Истеҳсоли тилло тайи 7 соли ахир бо суръати рекордӣ афзуда, 5 баробар – аз 2 тонна дар соли 2014 то ба 10 тонна дар соли 2021 афзуд.