Дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 7,4 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон барҳам дода шуданд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Аз ин шумор наздики 7,1 ҳазорашон ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ва 319 ададашон ба сифати ширкату корхонаҳо (шахсони ҳуқуқӣ) фаъолият доштанд.
Бо вуҷуди ин, шумори умумии субъектҳои хоҷагидории амалкунанда (ширкату корхонаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ) дар давоми сол 688 адад афзуда, то 1 апрели соли равон 344,5 ҳазор ададро ташкил додааст.
Дар семоҳаи аввали ҳамин сол ҳудуди 10,8 ҳазор субъектҳои нави хоҷагидорӣ таъсис дода шудааст, ки 2,7 ҳазор бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Беш аз 28%-и ширкату корхонаҳо дар қаламрави вилояти Хатлон, ҳудуди 27% – дар вилояти Суғд, 25% – дар шаҳри Душанбе, зиёда аз 15% – дар Ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳудуди 5% – дар ВМКБ фаъолият мекунанд.
Ширкату корхонаҳои Тоҷикистон асосан дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои тиҷорату маориф, хидматрасонӣ, бахши бонкӣ, сохтмон ва саноати коркард ба фаъолият машғуланд.
Байни соҳибкорони инфиродӣ 55%-ашон фермерҳо буда, 33%-ашон бо патент в ҳудуди 12%-ашон бо шаҳодатнома кор мекунанд.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда то 1 апрели соли ҷорӣ 670 адад зиёд шуда, ҳудуди 307 ҳазор адад расидааст.