spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷикистону Эрон фурсатҳои аздастрафтаро ҷуброн мекунанд: тиҷорати ду кишвар 4,5 баробар афзуд

Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон, ки бо ҳам муштаракоти забониву фарҳангӣ ва динӣ доранд, пас аз коҳиш дар муддати ҳафт сол ду сол инҷониб барқарор шуда истодааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазорати рушди иқтисод: Соли 2021 савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон 2 баробар афзуд

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо ҳудуди 67 млн долларро ташкил додааст, ки 4,5 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон аз Эрон ва маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар мутаносибан маблағи тақрибан баробар – 33,5 ва 33,4 млн долларро ташкил додааст.

То ин дам мувофиқи омори расмӣ, давоми ҳафт сол ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон зиёда аз панҷ баробар – аз қариб 300 млн доллар дар соли 2013 то ба 58 млн доллар дар соли 2020 коҳиш ёфта буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон парвозҳоро бо Эрону Ҳиндустон барқарор мекунад

Агар афзоиши гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон бо ҳамин суръат ба мисли семоҳаи якум давом кунад, аз рӯи натиҷаҳои соли ҷорӣ ду кишвар ба нишондиҳандаҳои соли 2013 баргашта метавонанд.

Аз Тоҷикистон ба Эрон маъмулан нахи пахта, калобаи пахтагин, алюминий ва сими алюминий интиқол меёбад. Дар навбати худ аз Эрон ба Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, мошину таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ворид карда мешавад.

Аввали соли равон раҳбарияти ниҳодҳои энергетикии кишварҳо имкони интиқоли маҳсулоти нафтиро аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...