Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 29% афзуда, ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод, бармеояд аз маълумоти омории хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба маблағи 660,3 млн доллар сурат гирифтааст, ки 11% зиёдтар нисбат ба семоҳаи аввали соли 2021 мебошад.
Дар ин давра аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳо ($272,8 млн), маъдан ($159,5 млн), пахта ($94 млн) ва алюминий ($46,7 млн) фурӯхта шудааст.
Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар се моҳи аввали имсол зиёда аз 1,2 млрд долларро ташкил додааст.
Тоҷикистон аз кишварҳои дигар ба миқдори зиёд сӯзишворӣ ($259 млн), воситаҳои нақлиёт ($91 млн), фулузоти сиёҳ ($90,5 млн), реакторҳо ва қисмҳои он ($87 млн), гандум ($70,5 млн), мошин ва таҷҳизоти барқӣ ($59,4 млн), доруворӣ ($50 млн), чӯб ($47 млн) ва равғани растанӣ ($42 млн) харидааст.
Ба туфайли ҳаҷми зиёди воридот, нишондиҳаи тавозуни савдо манфӣ ҷамъбаст шуда, 569,2 млн долларро ташкил додааст.
Ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар давраи аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ ба 926,2 млн доллар баробар шудааст, ки 41,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ба сегонаи кишварҳои пешсафи шарики тиҷоратии Тоҷикистон Русия ($364,9 млн), Қазоқистон ($353,9 млн) ва Ӯзбекистон ($163 млн) дохил шудаанд.