Туркманистон ибтидои моҳи июн мавсими ҷамъоварии ҳосили гандумро расман оғоз мекунад.
Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки дар баъзе аз киштзорҳои вилояти Марии он кишвар аллакай дараваи гандум шуруъ шудааст.
"Баъзе аз хоҷагиҳони деҳқонӣ дар ноҳияи Мурғоби Марӣ дарави гандумро оғоз кардаанд", – иттилоъ медиҳад хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Аммо кишоварзони маҳаллӣ мегӯянд, барои дарави гандум ҳанӯз вақт ҳаст ва он ҳоло нарасидааст. Кишоварзон гуфтанд, мақомот онҳоро маҷбур мекунанд, ки ҷамъоварии ҳосили гандумро оғоз намоянд.
Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов 13 май эълом кард, ки барои ҷамъоварии ҳосили гандум дар соли равон комиссияи давлатӣ ташкил карда шудааст.