spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Гӯшти гову гӯсфанд, мурғ ва моҳӣ: талабот, истеҳсол ва нарх

Сарфи назар аз афзоиши истеҳсоли гӯшт ва маснуоти гӯштӣ дар Тоҷикистон, нархи он ҳам бо суръати баланд боло меравад. Дар соли 2018 як кило гӯшт ба ҳисоби миёна 40 сомонӣ нарх дошта, имрӯз то ба 70 сомонӣ боло рафтааст, яъне дар давоми 5 сол – қариб ба андозаи 60%.

Рӯзи 24 май нархи 1 кило гӯшти гӯсфанд дар Душанбе ба ҳисоби миёна 68 сомонӣ (соли 2021 – 67 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Гӯшти гӯсфанд дар шаҳри Турсунзода ва Хуҷанд аз ҳама гаронтар – 75 сомонӣ буда, дар Мурғобу Ишкошим арзонтар – мутаносибан 50 ва 55 сомонӣ аст.

Гӯшти гов дар Душанбе ба ҳисоби миёна 65 сомонӣ (соли 2021 – 63 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Гӯшти гов дар шаҳри Турсунзода ва Шаҳринав аз ҳама гаронтар – 70 сомонӣ буда, дар Мурғобу Ишкошим арзонтар – 55 сомонӣ аст.

Дар муқоиса бо соли гузашта аз ҳама бештар гӯшти мурғ қимат шуд. Гӯшти мурғ дар Душанбе ба ҳисоби миёна 33 сомонӣ (соли гузашта – 28 сомонӣ) нарх дорад. Дар Хуҷанду Ҳисор нархи он ба 28 сомонӣ баробар аст, ки нишондиҳандаи пасттарин дар ҷумҳурӣ аст. Гӯшти мурғ аз ҳама бештар дар Мурғоб қимат аст – 42 сомонӣ барои 1 кило.

Истеҳсоли гӯшт зиёд мешавад  

Барои ҳалли мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо гӯшт, дар се соли наздик Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳаҷми истеҳсоли онро то ба 384 ҳазор тонна ва гӯшти моҳиро – то 6,9 ҳазор тонна расонад. Дар баробари ин Вазорати рушди иқтисод коҳиши воридоти онро аз 14,2 ҳазор тонна дар соли 2021 то ба 13,3 ҳазор тонна дар соли 2024 пешгӯӣ мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ширкати “Мармарӣ” гӯштро дар бозорҳои Тоҷикистон арзон мекунад?

Дар сурати 40,8 кило будани меъёри солонаи истеъмол ба ҳар сари аҳолӣ, талаботи аҳолии кишвар ба гӯшт дар ҳудуди 380-390 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад. Тибқи маълумоти Агентии омор, соли 2021 дар ҷумҳурӣ 327,7 ҳазор тонна гӯшт (вазни зинда) истеҳсол шудааст, ки зиёда аз 44 ҳазор тоннааш (дар шакли маҳсулоти тайёр) гӯшти мурғ мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 10,8 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки 44,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Истеҳсоли гӯшти чорвои калони шохдор ва майда дар ин давра 3,5% зиёд шуда, зиёда аз 36,7 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Мувофиқи пешгӯиҳо, соли ҷорӣ ҷумҳурӣ ният дорад, ки ба хориҷи кишвар зиёда аз 30 ҳазор тонна гӯшт ва маснуоти гӯштӣ содир кунад.

Имконоте, ки истифода намешавад

Байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ба ҳар сари аҳолӣ то ҳол дар зинаи охир аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Истеҳсоли гӯшти мурғ зиёд мешаваду лекин нархаш ҳам боло меравад. Чаро?

Ба гуфтаи коршиносон ва мутахассисон, Тоҷикистон имконоти худро дар саноати истеҳсоли гӯшт ба қадри кофӣ истифода намекунад. Айни замон дар ҳама шаклҳои хоҷагидориҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 2,5 млн сар чорвои калони шохдор ва беш аз 6 млн сар моли майда парваришу нигоҳубин мешавад.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз афзоиши саршумори чорво дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар бахши кишоварзӣ, сифати зотпарварӣ ва маҳсулнокии онҳо нисбат ба солҳои 90-ум дар сатҳи паст боқӣ мемонад.

Тибқи омор, беш аз 92% чорвои калони шохдор ва 82% гӯсфанду бузро худи аҳолӣ дар қитъаҳои наздиҳавлигии худ нигоҳ медоранд. Чорвои хонагии дар онҳо мавҷудбуда аз ҷиҳати вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ нест.

Илова бар ин, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, сатҳи истифодаи имконоти истеҳсолӣ барои истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ҳамагӣ 20,5 фоизро ташкил медиҳад.

Гӯшти моҳӣ кам истеҳсол мешавад

Тайи панҷ соли охир дар Тоҷикистон 2-2,2 ҳазор тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шуда, ҳамасола 4-5 ҳазор тоннаи ин навъи гӯшт аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон гӯштро арзон кард

Тибқи меъёри ҳукумат, талаботи бозори дохилӣ ба гӯшти моҳӣ зиёда аз 86 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, лекин агар меъёри ҷаҳониро ба назар гирем, ҷумҳурӣ дар як сол ба 160 ҳазор тонна гӯшти моҳӣ зарурат дорад.

Ба ин тариқ, бо назардошти воридоти гӯшти моҳӣ ва маснуоти он аз хориҷи кишвар, аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 10% бо меъёри истеъмоли аз ҷониби ҳукумат зикршуда таъин аст. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол зиёд мешавад.

Имрӯз 1 кило гӯшти моҳӣ дар Тоҷикистон вобаста ба навъ аз 35 то 60 сомонӣ нарх дошта, 1 кило гӯшти моҳии навъи форел ба ҳисоби миёна 70 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...