spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Даҳҳо соҳибкорро барои боло бурдани нарх ҷарима кардаанд. Акнун, нархи маҳсулот паст мешавад?

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон даҳҳо соҳибкорро барои боло бурдани нархи маҳсулот беш аз 2 млн сомонӣ ҷарима кардааст.

Дафтари матбуоти ин ниҳод бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, масъулини ин ниҳод дар пайи 74 санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 фурӯшандаҳо ва воридкунандагони маҳсулоти ниёзи аввалияро ба маблағи 2 миллиону 47 ҳазору 495 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ба таъкиди ин ниҳод, аз ҳисоби соҳибкорони ҷаримашуда 619 ҳазору 546 сомонӣ ба буҷа ворид шудааст.

– Дар маҷмуъ, дар семоҳаи якуми соли 2022 аз рӯи натиҷаи 74 санҷишҳои гузаронидашудаи нақшавӣ, ғайринақшавӣ ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маблағи 2 миллиони 47 ҳазору  495 сомонӣ аз ҳисоби вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ошкор гардида, маблағи 25 ҳазору 280 сомонӣ ҷарима карда шудааст. Аз миқдори маблағи зикршуда ҳаҷми 619546,84 сомонӣ ба Буҷети давлатӣ гузаронида шудааст, – гуфтанд аз Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон.

Ҷаримаи даҳҳо соҳибкори тоҷик дар ҳолест, ки сокинон аз баланд бардоштани нархи маҳсулот аз ҷониби фурӯшандаҳо пайваста шикоят мекунанд. Махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ба мисли орд, равған, гӯшт, шакар, биринҷ ва ғайра тайи як соли охир ба ҳадди гушношунид баланд шуданд. Масалан агар як сол пештар нархи як халта орди 50 кг 270 сомониро ташкил медод, ҳоло дар бозорҳо он аз 370 то 400 сомонӣ нарх дорад. Ҳамин тариқ, нархи равған ҳам назар ба як соли пеш қариб як баробар гарон шудааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳамеша аз назорати бозор ва танзими нархи 19 маҳсулоти ниёзи аввалия, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, таъкид мекунанд, вале сокинон мегӯянд, кӯшиши онҳо самаре намедиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...