Маросими маҷозӣ, аммо тарҳи воқеӣ: Раҳмону Мирзиёев бунёди 2 неругоҳ дар дарёи Зарафшонро оғоз бахшиданд

Мазҳаб Ҷумъаев, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари расмии дурӯза дар Ӯзбекистон қарор дорад, ҳамроҳи Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар ба сохтмони 2 неругоҳи барқии обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт оғоз бахшид.

Дафтари матбуотии президенти кишвар менависад, маросими пахши тугмаи оғози бунёди неругоҳҳо дар қасри президенти Ӯзбекистон тариқи маҷозӣ, аз сӯйи дигар, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, мутахассисон ва муҳандисони бахши энержии ду кишвар дар минтақаи сохтмони ин нерӯгоҳ – деҳаи Ёвони ноҳияи Айнии Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Манбаъ менависад, ки ду неругоҳро мутахассисони ҳар ду кишвар бо иқтидори умумии 320 МВт месозанд.

– Дар оғози маросими маҷозии татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, роҳбарияти олии ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар толори Қасри Президенти Узбекистон ва дар маҳали сохтмони неругоҳ – деҳаи Ёвони ноҳияи Айни Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, мутахассисон ва муҳандисони соҳаи энергетикаи ду кишвар иштирок карданд, – менависад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, ин нахустин тарҳи бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаи энергетикӣ аст.

– Неругоҳи замонавии НБО “Ёвон” бо иқтидори 140 мегаватт дар таъмини амнияти энергетикӣ, устувории бахшҳои обу кишоварзии кишварҳои мо нақши муҳим хоҳад дошт, – менависад дафтари матбуотии Ӯзбекистон.

Арзиши тахминии НБО “Ёвон” 282 миллион доллар буда, аз он 700-800 миллион кВт/соат неруи барк тавлид мешавад.

Лоиҳа иқтидори илмию истехсолии соҳаро мустаҳкам мекунад, ҳазорҳо хона ва корхонаҳои навро бо энергияи «сабз» таъмин мекунад.

Ҳамчунин, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соли 2020 низ ба мувофиқа расиданд, ки имкони бунёди неругоҳи барқи обӣ дар рӯди Фандарё бо арзиши тахминии 270 миллион доллар, иқтидори 135 МВт ва тавлиди 500-600 миллион кВт/соат нерӯи барқро баррасӣ кунанд.

Тобистони соли гузашта Алишер Султонов вазири энергетикаи Ӯзбекистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Kun.uz гуфта буд, барои сохтмонип неругоҳҳо ҷамъияти саҳҳомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсис дода мешавад ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо аз ҳисоби қарз ва грантҳои ниҳодҳои байнулмитлалии молиявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои худии ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

“Ин неругоҳҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон 1,4 млрд кВт/соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол хоҳанд кард”, – илова карда буд Алишер Султонов.

Ёдрас мешавем, ки моҳи августи соли 2018 аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон дар Тоҷикистон изҳори назар карданд.

Он замон зикр гардида буд, ки “ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои таҳияшудае дорад, ки аз арзёбии фанниву иқтисодии ҷавобгӯйи меъёрҳои байнулмилалии бонкҳои бузург гузаштаанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...