spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон минтақаи тиҷоративу индустриалӣ боз мешавад

Тоҷикистону Ӯзбекистон ният доранд, ки ояндаи наздик дар мавзеи гузаргоҳҳои “Ойбек” ва “Фотеҳобод” минтақаи марзии тиҷоративу индустриалӣ таъсис диҳанд, хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни форуми доираҳои кории ду кишвар, ки ҳафтаи гузашта дар остонаи сафари президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар Тошканд доир гардид, дар ин хусус тавофуқоти пешакӣ ҳосил шудааст.

Ба иттилои манбаъ, минтақаи тиҷоративу индустриалӣ дар сарҳад “бо мақсади тақвияти савдои мутақобила ва ҳавасмандсозии рушди ҳамкориҳо дар соҳаи саноат” роҳандозӣ мешавад.

Дар назар аст, ки дар қаламрави минтақа иқтидорҳои истеҳсолӣ, марказҳои логистикӣ ва зербинои зарурӣ ҷойгир карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод – Ойбек” дар минтақаи шимолу ғарби вилояти Суғд воқеъ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гузаргоҳи "Фотеҳобод", ки бо гузаргоҳи "Ойбек"-и Ӯзбекистон ҳаммарз аст

Ёдрас мекунем, ки дар форуми Тошканд доираҳои тиҷоратӣ ба густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо даъват шуда, таъкид гардид, ки ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ба ҳама гуна кумаку дастгирии зарурӣ дар амалисозии лоиҳаҳои муштарак омодаанд.

Дар ҳошияи чорабиниҳои форум вохӯриҳои иштирокчиён дар шакли «B2G» (тиҷорат бо ҳукумат) ва «B2B» (тиҷорат бо тиҷорат) доир гардида, ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд доллар 75 санади ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соҳибкорони Фарғонаи Ӯзбекистон мехоҳанд дар Суғд корхонаи муштараки коркарди пахта созанд

Бино ба маълумоти мақомоти омори Тоҷикистон, тайи панҷ соли ахир ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 6,4 баробар – аз ҳудуди 70 млн доллар дар соли 2016 то ба 448 млн доллар дар соли 2021 зиёд шуд.

Дар зарфи чор моҳи соли равон ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар муқоиса бо ҳамин дараи соли гузашта боз 30,4% афзуда, 174 млн долларро ташкил дод. Ҳудуди 35% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рост меояд.

Ғайр аз ин, дар ин давра бо иштироки сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 219 корхона бунёд гардида, бо саҳми сармояугзорӣ аз Ӯзбекистон 51 ширкат дар Тоҷикистон фаъолият дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...