spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Доллар нисбати сомонӣ арзону рубл қимат мешавад

Қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари амрикоӣ боло рафта, ҳамзамон нисбат ба рубл поин меравад.

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, ба андозаи 0,9% (аз 11,3000 то 11,1990 сомонӣ барои 1 доллар) боло рафта, дар баробари рубл бошад, ба миқдори 1,1% – аз 0,1750 то 0,1770 сомонӣ (барои 1 рубл) поин рафт.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар аввал сомонӣ нисбат доллар хеле беқурб шуда, нисбати рубл боло рафт. Аммо баъди талаботи раҳбарияти Русия дар мавриди пардохти маблағи гази табиӣ бо рубл аз кишварҳои Ғарб, ки ба таҳримҳо ҳамроҳ шуда буданд, вазъият бакуллӣ тағйир ёфт.

Дар баробари ин, ҳукумати Тоҷикистон тибқи нақшаи зиддибуҳронии худ ва таҳвилгарони молу маҳсулот аз Русия ва Чин дастур дод, ки ба пардохтҳо бо рубл ва юан гузаранд. Ин ҷо бамаврид аст зикр намоем, ки ҳудуди нисфи воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон ба Русия ва Чин рост меояд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қурби рубл дар Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ расид

Дар натиҷа тайи ду моҳи ахир қурби доллар то ба сатҳи пеш аз оғози муноқишаи мусаллаҳона байни Русия ва Украина поин рафта, қурби рубл дар ин давра ба андозаи 16% боло рафт.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дошта, чӣ гуна ҳолате, ки бо рубл ба амал меояд, баъди муддати муайяне ба пули тоҷикӣ низ ҳамин гуна ҳолат таъсир хоҳад расонид.

Қурби рубл нисбат ба доллар имрӯз аз ҷониби Бонки марказии Русия дар сатҳи 57,7780 рубл барои 1 доллар муқаррар шудааст, ки 1% болотар нисбат ба нишондиҳандаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...