Дар ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Беларус дар Минск (8 июн) зикр шуд, ки дар муқоиса бо чор моҳи соли гузашта дар зарфи 4 моҳи соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти дуҷониба байни кишварҳо 58 фоиз зиёд шудааст.
Тавре ки Belta.by хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистон ба афзоиши содироти маҳсулоти гӯшту шир ва техникаи кишоварзӣ аз ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода изҳор намудааст, ки “Тоҷикистон мехоҳад содироти номгӯи маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти гов, маҳсулоти ширӣ ва дигар маводи ғизоиро аз ин кишвар зиёд кунад”.
Ба гуфтаи ӯ, дар самти интиқоли техникаи кишоварзии истеҳсоли Беларус, ки бахши агарии Тоҷикистон ба он эҳтиёҷоти шадид дорад, корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд.
“ Соли 2021 ба Тоҷикистон 411 адад трактори тамғаҳои гуногун ва беш аз 124 адад мошинҳои кишоварзӣ интиқол дода шуданд ва Вазорат ба идомаи ҳамкориҳо дар ин самт манфиатдор аст”, – изҳор доштааст вазир.
Саъдӣ Каримзода инчунин пешниҳод намудааст, ки доир ба омӯзишу таҳсил ва таҷрибаомӯзии мутахассисон аз Тоҷикистон дар ин соҳаҳо табодули таҷриба ба роҳ мондан зарур аст.
Бино ба маълумоти сафорати Беларус дар Тоҷикистон, соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо зиёда аз 126 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 ба андозаи 12,6% афзудааст: содирот каме бештар аз 122 млн доллар (афзоиш – 11,1%) ва воридот – 4 млн доллар (афзоиш – 90,5%).