ҶДММ “Атласи Хуҷанд”-и вилояти Суғд ният дорад, ки бо корхонаи “Кумуш-Сола”-и вилояти Самарқанди кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон корхонаи муштарак таъсис диҳад.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, корхонаи нав “Самарқанд-Суғд-Силк” ном гирифта, дар ин самт айни замон корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Дар бораи дигар ҷузъиёти таъсиси корхона маълумот дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар давоми 5 моҳи соли равон дар ҶДММ “Атласи Хуҷанд” 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол шудааст.
Гуфта мешавад, танҳо дар ду моҳи охир истеҳсоли зиёда аз 12 намуди атласи нав ба роҳ монда шудааст.
Хотиррасон мешавад, ки аз 18-уми марти соли 2022 ҳамаи онҳое, ки ба соҳаи атласу адрасбофӣ сарукор доранд, аз тамоми намуди андозҳо озод карда шуда, танҳо андози иҷтимоӣ ва аз даромади шахсони воқеӣ пардохта мешаванду халос. Ин иқдом боз ҳам барои дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур нигаронида шуда, аз ҳар ҷиҳат манфиатҳои бештарро ба бор меоварад.
Атласу адрас як ҷузъи муҳими либоси миллии тоҷикӣ шуморида шуда, натанҳо байни аҳолии маҳаллӣ, балки миёни хориҷиён низ писандидаву талабгорони зиёд дорад.