Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини вазири сармоягузорӣ ва савдои Ӯзбекистон Бадриддин Абидов ҷараёни узвияти Ӯзбекистонро ба ҳайати Созмони ҷаҳонии тиҷорат баррасӣ карданд.
Ин мулоқот дар дар ҳошияи Конфронси 12-уми серӯзаи вазирони СҶТ дар Женева, ки рӯзи 15 июн ба кори худ хотима бахшид, баргузор шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ба Ӯзбекистон пешниҳод шуд, ки дар ҷараёни шомил гардидан ба ҳайати СҶТ бо назардошти манфиатҳои иқтисоди миллӣ аз таҷрибаи Тоҷикистон истифода кунад.
“Дар охири вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ иброз намуданд”, – омадааст дар хабар.
Қобили зикр аст, ки дархости аввалини Ӯзбекистон дар мавриди пазируфта шудан ба сифати узви комилҳуқуқ ба ҳайати СҶТ соли 1994 пешниҳод шуда, лекин бо сабаби пӯшида будани кишвар замони сари ҳокимият будани собиқ президент Ислом Каримов, солҳои тӯлонӣ давом кард ва танҳо соли 2017 бо сари мансаб омадани президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дубора рӯйи кор омад.
Созмони ҷаҳонии тиҷорат 1 январи соли 1995 таъсис ёфта, 164 кишвари саросари дунёро муиттаҳид мекунад. Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 пас аз гуфтушунидҳои 11-сола ба сифати узви 159-уми комилҳуқуқ ба ҳайати Созмон пазируфта шуд.