spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон доллар арзон шуда, лекин нархҳо боло мераванд

Поинравии қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон идома дошта, рубл қимат мешавад. Дар давоми як шабонарӯз 100 доллар барои иваз 20 сомонӣ арзон шуд (100 доллар 22 июн, дирӯз – 1020 сомонӣ ва 23 июн, имрӯз – 1000 сомонӣ). Қурби расмии рубл дар як шабонарӯз 0,3 банди фоизӣ боло рафт.

Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 23 июн 100 доллар 1058 сомонӣ нарх дорад. Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро ба 1 ҳазор сомонӣ харида, 1030 -1040 сомонӣ мефурӯшанд.

Чанде пеш қурби доллар дар Русия бори нахуст аз моҳи июни соли 2015 ба сатҳи рекордӣ поин рафт: дар биржаи Маскав 1 доллар аз 54 рубл поин рафта, евро низ аз 57 рубл поинтар шуд, ки аз 28 майи соли 2015 боре ҳам чунин ҳолат ба мушоҳида нарасида буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Поинравии қурби доллар дар Тоҷикистон идома дошта, қурби рубл боло меравад

Тибқи қурби расмӣ барои имрӯз, 23 июн 1000 рубл 177,5 сомонӣ нарх дошта, дирӯз, 22 июн қимати он ба 177,2 сомонӣ баробар буд. Дар “бозори сиёҳ” 1000 рублро 172 сомонӣ харида, 174 сомонӣ мефурӯшанд.

Қурби евро низ дар таблои БМТ як банди фоизӣ поин рафт. Имрӯз 1 евро ба 11,17 сомонӣ баробар буда, дирӯз – 11,18 сомонӣ нарх дошт.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд.

Дар дигар бонкҳои кишвар қурби хариди доллари нақд имрӯз дар сатҳи 9,7-9,8 сомонӣ (1 доллар) ва қурби фурӯш – 10-10,10 сомонӣ қарор дорад.

Рубли нақдро дар бонкҳо бо нархи аз 160 сомонӣ (барои 1000 рубл) то 177 сомонӣ харида, бо нархи аз 173 то 182,5 сомонӣ мефурӯшанд.

Нархҳо ҳамоно боло мераванд

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди поинравии қурби доллар, ки соҳибкорон болоравии нархи маҳсулоташонро бо он асоснок мекунанд, шаҳрвандон аз идомаи болоравии нархҳо дар бозорҳо шикоят доранд. Асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз аввали сол нархи нон дар Тоҷикистон 50% боло рафта, вазнаш ҳам камтар шудааст

“Пештар нӯшокии йогуртро ман 11 сомонӣ мехаридам, лекин сарфи назар аз поинравии қурби доллар, он қимат шуда, айни замон 15 сомонӣ нарх дорад. Бо дигар маҳуслот низ вазъият чунин буда, болоравии нархҳо идома дорад”, – менависад яке аз корбарон.

Қобили зикр аст, ки дар авҷи мавсими ҳосили сабзавоту мева нарх ҳатто ба онҳо поин намеравад. Имрӯз 1 кило караму лаблабу ва пиёз 4 сомонӣ (нархи миёна дар ҷумҳурӣ), сабзӣ – 3 сомонӣ, помидор – 8-10 сомонӣ, бодирингу бодинҷон (баклажан) – 6-10 сомонӣ нарх доранд. Дар муқоиса бо моҳи июни соли 2021 нархи онҳо ду баробар баландтар аст.

Арзиши зардолуву гелос то 8 сомонӣ, себу шафтолу – зиёда аз 10 сомонӣ, олу – ба 5 сомонӣ мерасад. Ҳамаи мева ва буттамевагиҳо дар муқоиса бо тобистони соли гузашта ба ҳисоби миёна 1,5-2 баробар қимат шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...