Давоми моҳҳои январ-майи соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,9%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Ин нишондиҳанда 0,5 банди фоизӣ камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 6,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 2% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 0,7% арзон шуданд.
Аз маҳсулоти озуқаворӣ гуруҳи маҳсулоти зерин бештар гарон шуданд:
– қанд (шакар) – 9,61%;
– маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 13,9%;
– сабзавот – 9,5%;
– шир – 8,8%;
– мева – 7,7%;
– моҳӣ – 5%.
Арзиши маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи зерин боло рафт:
– сӯзишвории дизелӣ – 8,4%;
– маводи шустушӯ – 8,2%;
– маҳсулоти доруворӣ – 8%.
Дар мавриди поин рафтани нархҳо ба хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар Агентии омор инро дар навбати аввал ба арзоншавии гази моеъ ба андозаи 14,1% нисбат медиҳанд.
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.
Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.