Ҳукумати Тоҷикистон Тартиби нави баргардонидани маблағи барзиёд ҳисобшудаи Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-ро тасдиқ намуд.
Дар Тартиби пешинаи соли 2006-ум қабулшуда, баргардонидани ААИ нисбат ба андозсупорандагоне татбиқ мешуд, ки дар меъёри сифри онҳо на камтар аз 70%-и гардиш дар давраи ҳисоботӣ қарор дошт.
Акнун аз Тартиб ибораи “70% гардиши андозбандишаванда” хориҷ шуд, яъне андозҳои барзиёд пардохтшударо метавон ба онҳое ҳам баргардонид, ки дар онҳо 100%-и гардиш тибқи меъёри сифр андозбандӣ мешавад.
Маблағи барзиёд ҳисобшудаи ААИ дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз замони гирифтани аризаи андозсупоранда баргардонида мешавад.
Ҳама гуна бақияи барзиёд бояд аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар муддати 30 рӯз аз замони ба охир расидани шаш давраи андоз баргардонида шавад.
Давраи андоз вақтест, ки бо анҷоми он маблағи андоз гузаронида мешавад. Давраи андоз метавонад ба якчанд давраи ҳисоботӣ тақсим карда шавад.
Маблағи барзиёд ҳисобшудаи ААИ бо пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда гузаронида мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ААИ андози бавосита буда, дар тамоми давраҳои гардиши мол (иҷрои кор, хидматрасонӣ) пардохт мешавад.
Дар Тоҷикистон се навъи меъёр ба ААИ истифода мешавад: меъёри стандартӣ – 15%, пасткардашуда – 7% ва меъёри сифр, ки барои содироти мол, бо чанде истисно, масалан, маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда.
Тибқи омори расмӣ, 44% аз ҳаҷми умумии воридоти маблағ аз андоз ба буҷети давлатии Тоҷикистонро тайи солҳои ахири 2010-2020 ААИ ташкил дод буд.