Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро бо автомобил манъ мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт?

Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро тариқи нақлиёти автомобилӣ манъ мекунад, хабар медиҳанд расонаҳои Қазоқистон бо истинод ба Вазорати энергетикаи ин кишвар. Гуфта мешавад, манъи содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон тариқи нақлиёти автомобилӣ аз рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда – 12 июл мавриди амал қарор мегирад. Ба таври истисно ба содироти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро тариқи нақлиёти автомобилӣ манъ мекунад, хабар медиҳанд расонаҳои Қазоқистон бо истинод ба Вазорати энергетикаи ин кишвар.

Гуфта мешавад, манъи содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон тариқи нақлиёти автомобилӣ аз рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда – 12 июл мавриди амал қарор мегирад.

Ба таври истисно ба содироти маҳсулоти нафтӣ танҳо “дар зарфҳои бензин (бензобакҳо)-и аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиёт пешбинигардида, инчунин зарфҳои ҷудогонаи ҳаҷмашон на зиёдтар аз 20 литр” иҷоза дода мешавад.

Ин тадбири мақомоти Қазоқистон ба эҳтимоли зиёд ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ва мутаносибан нархгузорӣ таъсири чашмрасе нахоҳад дошт, зеро интиқол аз Қазоқистон ба миқдори начандон зиёд сурат мегирад.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, дар соли 2021 ҳиссаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ҳамагӣ 7% аз ҳаҷми умумии воридоти ин маҳсулотро ташкил додааст.

Воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Русия мебошад, ки соли гузашта зиёда аз 86%-и талаботи бозори кишварро бо ин навъҳои сӯзишворӣ таъмин намуд. Аз соли 2013 маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бо боҷи содиротии сифр (0) ворид карда мешаванд.

Қазоқистон бошад, аз лиҳози содироти гази моеъ ба Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол мекунад.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, соли 2021 ҳиссаи воридоти гази моеъ аз Қазоқистон ҳудуди 88% аз ҳаҷми умумии воридоти ин навъи сӯзишвориро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.