spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нархи “солярка” дар Душанбе якбора боло рафт. Бори навбатӣ

Болоравии босуръати нархи сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар нуқтаҳои фурӯши шаҳри Душанбе идома дорад. Дар давоми шаш рӯзи аввали ҳамин моҳ арзиши 1 литри он қариб 6% – аз 12,8 сомонӣ дар рӯзи 1 июл то ба 13,5 сомонӣ дар имрӯз, 6 июл боло рафт.

Нархи 1 литри сӯзившории дизелӣ бо доллари амрикоӣ дар Душанбе имрӯз ба 1,3 доллар баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки нархи миёнаи он тайи 12 сол ( аз соли 2020) ҳамагӣ 0,85 сентро ташкил медод.

То ин дам дар зарфи ҳафтаи ахири моҳи июн ин сӯзишвории автомобилӣ дар нуқтаҳои фурӯши кишвар ба андозаи 7% қимат шуд.

Дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар низ сӯзишвории дизелӣ каме гарон шуд – аз 13,4 то ба 13,5 сомонӣ.

Нархҳо ба дигар навъҳои сӯзишворӣ барои автомашинаҳо аз оғози моҳи июл қариб дар як сатҳ қарор доранд.

Арзиши 1 литр бензини “тамғаи мардумӣ”-и АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт 10,6 сомонӣ, Хуҷанд – 10,9 сомонӣ ва Бохтар – 10,8 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳафтаи аввали моҳи июл нархҳо ба гази моеъ дар Душанбе (аз 6,10 то ба 6,20 сомонӣ) ва Бохтар (аз 6,20 то ба 6,30 сомонӣ) каме зиёд шуданд. Дар Хуҷанд 1 литр гази моеъ 6,10 сомонӣ нарх дорад.

Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, давоми моҳҳои январ-майи соли равон нархҳои чакана ба сӯзишвории дизелӣ дар ҷумҳурӣ 8,4% боло рафта, арзиши бензин ва гази моеъ баръакс, ба андозаи 1,8% ва 16,1% поин рафтаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро бо автомобил манъ мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт?

Сабаби болоравии ин навъи сӯзишвориро дар Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба афзоиши талабот ба ин навъи сӯзишворӣ ва мутаносибан гароншавии он дар кишварҳои содиркунанда нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе воридкунандагони маводи сӯзишворӣ болоравии нарх ба сӯзишвории дизелиро ба амалиёти ҳарбии Русия дар Украина марбут медонанд. Онҳо мегӯянд, техникаи зиреҳпӯш, мошинҳои боркаши низомӣ ва дигар нақлиёти заминии ҳарбӣ асосан аз сӯзившории дизелӣ истифода мекунанд, зеро муҳаррикҳо бо ин сӯзишворӣ муддати тӯлонӣ кор карда, сӯзишвориро кам истеъмол мекунанд.

Болоравии талабот ба ҳама гуна маҳсулот бешак ба афзоиши автоматии арзиши он боис мегардад. Мо ҳеҷ гуна тасдиқи расмии ин фарзияи ширкатҳои таъмингарро пайдо карда натавонистем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...