Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 7,2% афзуд, лекин дар баробари ин, нархи онҳо низ боло рафт.
Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Саъдӣ Каримзода сабабҳои асосии болоравии нархҳо ба маҳсулоти кишоварзиро афзоиши хароҷот ба парвариши онҳо, яъне хароҷот ба сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ унвон кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 70% аз арзиши аслии маҳсулотро хароҷот ба сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ ташкил медиҳад.
Каримзода ҳамчунин хабар дод, ки агар дар соли гузашта ба маблағи 28,9 млн доллар 143 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид гардида буд, пас имсол 104 ҳазор тонна, лекин аллакай бо арзиши 35 млн доллар оварда шудаааст, ки 39 ҳазор тонна камтар, лекин маблағаш 6 млн доллар зиёдтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Саъдӣ Каримзода зикр кард, ки ҳосилнокии зироати ғалладона аз 1 гектар зиёд шудааст.
“Талаботи Тоҷикистон ба гандум 2 млн тоннаро ташкил дода, мо худамон 800-850 ҳазор тонна истеҳсол мекунем. Дар масъалаи воридоти гандум аз Қазоқистон мушкилӣ надорем. Ҳамасола аз онҳо 1-1,2 млн тонна гандум мехарем”, – изҳор дошт Каримзода.
Дар зер 5 навъи маҳсулотро зикр мекунем, ки дар муқоиса бо соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар истеҳсол шудааст. Ва маҳз нархи ҳамин маҳсулот нисбат ба соли 2021 аз ҳама зиёдтар боло рафтааст:
Моҳӣ – 1 ҳазору 145 тонна, афзоиши истеҳсол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта – 26,5%. Нархи миёнаи 1 килои он – аз 35 то 60 сомонӣ (афзоиш – 20-40%).
Тухм – 576,1 млн дона, афзоиши истеҳсол – 24,5%. Нархи миёнаи 1 донаи он – 1 сомонӣ 40 дирам (афзоиш – 40%).
Гӯшти мурғ – 20,3 ҳазор тонна, афзоиши истеҳсол – 11,5%. Нархи миёнаи он – 40 сомонӣ (афзоиш – 25%).
Ангур – 2,4 ҳазор тонна, афзоиши истеҳсол – 11,2%. Нархи миёнаи он – 15 сомонӣ (афзоиш – 50%).
Тарбуз ва харбуза – 283 ҳазор тонна, афзоиши истеҳсол – 7,6%. Нархи миёнаи 1 килои он – 6 сомонӣ, масалан, нархи тарбузи 5-килоӣ 30 сомонӣ мешавад (афзоиш – 50%).