Додситонии вилояти Хатлон фавти Абубакр Саидзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлобро дар пайи як латукӯб тасдиқ кард.
Қудбиддин Достизода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, тибқи хулосаи тиббӣ сардори КҲФ дар минтақаи Кӯлоб Абубакр Саидзода баъди як латукӯб дар беморхона фавтидааст.
Ӯ мушаххас нагуфт, ки Саидзодаро кӣ ва дар пайи чӣ муноқишае латукӯб шудааст.
Достизода танҳо афзуд, “ин масъла алҳол дар пайи таҳқиқ аст ва ҳоло хулосаи ниҳоиро гуфта наметавонем”.
Рӯзи 11 июл Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода буд, ки Абубакр Саидзода "бар асари латукӯб ва захмҳои бардоштааш" дар шифохона ҷон додааст.
Манбаъ навишт, ки ӯ ар ноҳияи Данғара "20 гектар замини пахта дошта", баҳси ин мақомдор бо оилаи Шайбоновҳо, як хонаводаи пурнуфуз дар Данғара, сар задааст. Онҳо дар канори замини Саидзода кишти ҷуворимакка доштаанд.
Абубакр Саидзодаро рӯзи 11-уми июл дар ноҳияи Данғара дафн кардаанд.
Полковник Абубакр Саидзода аз соли 2015 дар мансаби раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб кор мекард.