spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазорати молия: Ҳаҷми ММД дар Тоҷикистон афзуд

Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 46,2 млрд сомониро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз, 18 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки ҳаҷми умумии воридот ба буҷет бо назардошти маблағҳои ҷалбнамудаи молиявӣ, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст ва маблағҳои махсуси мақомоти давлатӣ ба миқдори 102% иҷро шуда, 15,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ 7,3 млрд сомонӣ, аз ҳисоби фаъолияти иқтисодӣ – 3,4 млрд сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ – 1,2 млрд сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.

Нақшаи буҷети Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли 2022 ба андозаи 4,2% ва нақшаи буҷети минтақавӣ – 5% барзиёд иҷро шудааст. Ба буҷет мутаносибан 6,3 ва 3,8 млрд сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар семоҳаи аввал қарзи хориҷии Тоҷикистон $2 млн зиёд шуд

Хароҷот бо соҳаҳо дар ним сол тариқи зайл аст: 591,2 млн сомонӣ ба мақомоти идоракунӣ, 2,8 млрд сомонӣ – ба соҳаи маориф, 1,1 млрд сомонӣ – тандурустӣ, 813,9 млн сомонӣ – хароҷоти коммуналӣ, 465,8 млн сомонӣ – ба бахшҳои фарҳангу варзиш, 2,4 млн сомонӣ – сӯзившорӣ ва энергетика, 361,4 млн сомонӣ – бахши кишоварзӣ, 100 млн сомонӣ – сохтмон ва саноат, 925,1 млн сомонӣ – нақлиёт ва коммуникатсия.

Ҳамчунин вазир хабар дод, ки то 1 июли соли 2022 қарзи давлатии Тоҷикистон ба 3,7 млрд доллар расида, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 46,3%-ро ташкил медиҳад.

Қаҳҳорзода зикр кард, ки бо мақсади иҷрои саривақтии уҳдадориҳои давлат аз ҳисоби буҷет ба қарздиҳандагони хориҷӣ дар маҷмӯъ 1,3 млрд сомонӣ, аз ҷумла 926 млн сомони қарзи асосӣ ва 428 млн сомонӣ – фоизҳои он пардохт шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...