spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ба бузургтарин корхонаи истеҳсоли тиллои Тоҷикистон аз пардохти андоз сабукиҳо дода шуд

Корхонаи пешсафи истеҳсоли тиллои Тоҷикистон – корхонаи муштараки “Зарафшон”-и Тоҷикистону Чин, ки ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли тилло дар кишвар ба он рост меояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти молу маҳсулот, техника ва таҷҳизоти муайян озод карда шуд.

Рӯйхати иборат аз 244 номгӯи молу маҳсулот, техника ва таҷҳизот бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 13 июли соли равон маъқул дониста шудааст. Он дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст.

Ҳаҷми умумии маблағе, ки буҷети кишвар дар натиҷаи додани чунин имтиёзҳо аз он маҳрум мешавад, зикр нашудааст, лекин шумор ва номгӯи молу маҳсулот бозгӯи он аст, ки ин маблағ кам нест.

Дар қарор гуфта мешавад, имтиёзҳои мазкур дар доираи созишнома байни ҳукумат ва КМ “Зарафшон” дар бораи коркарди комплексии кони “Тарор”, “Ҷилав” ва сохтмони корхонаи металлургии истихроҷи коомлексии тилло ва мис дода шудааст.

Конҳои “Тарор” ва “Ҷилав” бузургтарин конҳои тиллодори Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, ки дар 44-километрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир шудаанд.

Созишнома байни тарафҳо 12 декабри соли гузашта ба имзо расид. Дар назар аст, ки сохтмони корхона дар муддати ду сол ба охир расида, охири соли 2023 ба истифода дода шавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Порлумон бо чӣ шарт корхонаи тоҷикиву чинии “Зарафшон”-ро 5 сол аз андозу гумрук озод кард?

Корхона уҳдадор мешавад, ки барои коркарди комплексии конҳо ва сохтмони корхона давра ба давра 117 млн доллар маблағгузорӣ кунад. Созишнома дар муддати 10 сол аз рӯзи ба имзо расиданаш амал мекунад.

Коршиносони мустақил чандин маротиба даъват карданд, ки ба таҷрибаи унвонӣ (ҷудогона) додани имтиёзҳо хотима дода шавад, зеро онҳо ба рақобати солим дар ин ё он бозор монеъа эҷод мекунанд.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 70%-и тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба корхонаи муштараки “Зарафшон” рост меояд. Корхона моҳи сентябри соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати маъдани тиллои Тоҷикистон  таъсис ёфтааст. Бастаи назоратии саҳмияҳои  корхона аввал ба ширкати бритониёии «Commonwealth & British Mineral Ltd» тааллуқ дошт. Моҳи июли соли 2007 бастаи назоратӣ (75%)-ро ширкати истихроҷи тиллои «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин харида, 25%-и саҳмияҳо ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...