Бонки марказии Ӯзбекистон намояндагии ҶСК “Ориёнбонк”-ро ба қайд гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти бонк.
Дар хабар зикр мешавад, ки намояндагии “Ориёнбонк” 3 август сабти ном шуда, иҷозатномааш то 2 августи соли 2025 амал мекунад.
То ин дам дар Ӯзбекистон намояндагиҳои ҳафт бонки хориҷӣ амал мекарданд: «J.P. Morgan Chase Bank» (ИМА), «Газпромбанк» (ФР), «Commerzbank AG» (Олмон), «Landensbank Baden-Wurttemberg» (Олмон), инчунин «Kyongnam Bank», «Shinhan Bank» ва «Korea Eximbank» (ҳамаашон аз Ҷумҳурии Корея).
Намояндагии бонки хориҷӣ танҳо бо мақсади муаррифии манфиатҳои бонки асосӣ бо мақсади ҷустуҷӯи шарикон, баргузории маъракаҳои таблиғотӣ ва таҳқиқоти бозорёбӣ (маркетинг) таъсис дода мешавад. Намояндагии бонк мисли филиалаш ба анҷоми амалиёти бонкӣ ҳуқуқ надорад.
Ёдрас мекунем, ки дар қаламрави Ӯзбекистон қариб се сол инҷониб “Алиф Тек” ва “Алиф Молия” амал мекунанд, ки молики онҳо “Алиф Бонк” мебошад.
Тобистони соли 2019 “Алиф Тек” ба сифати ташкилоти пардохтӣ аз Бонки марказии Ӯзбекистон иҷозатнома гирифта, дар қаламрави кишвари ҳамсоя амалиёти интиқоли фаромарзӣ, пардохт дар муассисаҳо, пур кардани тавозуни дастгоҳи мобилӣ, пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра анҷом медиҳад.
ҶСК “Ориёнбонк” ба рӯйхати бонкҳои низомсози кишвар дохил буда, ҳиссаи он дар бозори миёнаравии молиявии Тоҷикистон 20,06%-ро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин нишондиҳанда аз “Ориёнбонк” танҳо бонки давлатии “Амонатбонк” пешсаф аст, ки ҳиссаш ба 24,64% баробар аст.
Дар қаламрави Тоҷикистон 32 филиал ва 237 маркази хизматрасонии бонки мазкур фаъолият мекунанд.