Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори филиали ширкати ISAN дар Алма-ато Джон Хи Де аз ҷониби ширкатҳои муштараки ISAN Corporation + М50 Consulting Group рӯзи 18 августи соли равон Қарордод оид ба хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати назорати корҳои сохтмонӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ- ро ба имзо расонданд.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, он дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” амалӣ хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” дар ВМКБ сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо дарозии 200 метр ва сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 км ва сохтмони роҳи автомобилгард дар мавзеи Барсем бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 840м (290м+550м) ва сохтмони як пул бо дарозии 82,3м пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, инчунин, дар ҳудуди вилояти Суғд азнавсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла (I) Таҷдиди қитъаи Куруш – Бекобод бо дарозии – 12,3 км; (II) Таҷдиди қитъаи Деҳмой – Б.Ғафуров бо дарозии – 22,0 км; (III) Азнавсозии қитъаи Б.Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,6 км; (IV) Азнавсозии қитъаи Конибодом – Кучкак бо дарозии 10,3 км.