Дар соли 2023 ду-се баробар зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Русия ба нақша гирифта шудааст. Муовини раиси Шӯрои машваратии назди консулгарииТоҷикистон дар Екатеринбург Яъқубҷон Умаров дар ин бора ба хабаргузории ТАСС изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, қаблан як ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии директори Агентии содирот аз шаҳри Екатеринбург боздид намудааст. Гуфта мешуд, ҷумҳурӣ ба афзоиши содироти сабзавоту мева манфиатдор буда, вилояти Хатлон ба имзои созишномаи ҳамкорӣ омода аст.
“Ҳайати Тоҷикистон аз вилояти Свердловск боздид намуд (дар ҷараёни намоишгоҳи “Иннопром” дар Екатеринбург), онҷо намояндагони соҳаҳои гуногун ҳузур доштанд. Бо чанде аз соҳибкорон дар бораи таҳвили намак, сабзавоту мева ва хушкмева қарордод баста шуд”, – иброз дошт ӯ.
Номбурда зикр кардааст, ки бо мақсади афзоиши савдои дуҷониба дар Тоҷикистон анбори махсуси муҷаҳҳаз бо яхдон сохта мешавад.
“Яхдонҳо барои он лозиманд, ки ҳосил ҷамъоварӣ ва вайрон нашуда, аз ҳамон ҷо ба вилояти Свердловск фиристода шавад”, – иброз доштааст Умаров.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Ҳавзаи федералии Урал ва Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 70 млн долларро ташкил дода, ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 125% афзуд.
Хӯрокворӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли он аз ҷумлаи маҳсулоти асосӣ мебошанд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон 50 млн долларро ташкил дод.