Давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 64,5 млн доллар неруи барқ интиқол дода шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 (55 млн доллар) ба андозаи 17,2% зиёдтар мебошад.
Харидори асосии барқи Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Афғонистон буда, инчунин барқ аз ҷумҳурӣ дар ҳаҷмҳои начандон зиёд ба Ӯзбекистон низ интиқол дода мешавад.
Мувофиқи қарордодҳои имзошуда, Афғонистон барои ҳар 1 киловат-соат барқ аз Тоҷикистон 4,67 сент ва Ӯзбекистон – 2 сент маблағ пардохт мекунанд.
Таърифа (тариф)-и нисбатан пасттар барои Ӯзбекистон бо он маънидод мешавад, ки дар навбати худ Тоҷикистон аз ин кишвар бо нархи имтиёзнок гази табиӣ мегирад.
Қаблан аввали соли равон раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” хабар дода буд, ки дар муқоиса бо солҳои пешин ҳолатҳои қатъи муваққатии интиқоли барқ ба Афғонистон бо сабаби мушкилот дар шабакаҳои барқи ин кишвар, имсол ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, қарзи ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон аз Тоҷикистон барои интиқоли барқ ба ин кишвар 28 млн долларро ташкил медиҳад
Дар нишасти хабарии рӯзи 1 август дар Душанбе раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода сабаби пайдо шудани қарзро бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дод.
Ӯ таъкид дошт, ки айни замон раҳбарияти ширкати Афғонистон рӯйи ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ мекунад.
Асозода зикр кард, ки моҳи июли соли равон DABS ба суратҳисоби “Барқи тоҷик” 2 млн доллар гузаронида, корҳо дар ин самт идома доранд ва қарзи боқимонда давра ба давра пардохт хоҳад шуд.