spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар ҷануби Тоҷикистон бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент месозанд. Кӣ пул медиҳад?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва ширкати “Ориён Инвест” дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон маъқул дониста шавад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо қарори дахлдори ҳукумат ба имзои созишнома ва ирсоли он ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати тасдиқи он уҳдадор мешавад.

Дар лоиҳаи созишнома, ки дар портали иттилоотии Вазорати адлияи ҶТ нашр шудааст, гуфта мешавад, иқтидори солонаи корхона 1,8 млн тонна сементи хушсифат дар як солро ташкил медиҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Боз ваъда доданд:, Корхонаи сементро аз Душанбе берун мебароранд

Маблағи умумии сармоягузорӣ ба лоиҳаи мазкур 160 млн долларро ташкил медиҳад.

Тартиби маблағгузорӣ ба лоиҳа аз ду марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввал ширкат барои сохтмони корхона бо ду хати истеҳсолӣ 120 млн доллар ҷудо карда, дар марҳилаи дуюм ҷудо кардани 40 млн доллар барои насби боз ду хати истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.

Пас аз мавриди амал қарор гирифтани созишнома, сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида ва андози иҷтимоӣ ба муҳлати 5 сол озод мешавад. Воридоти таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва молу маҳсулот барои татбиқи лоиҳаи мазкур аз пардохти боҷи гумрукӣ ва ААИ озод карда мешавад.

Доир ба сармоягузор дар дастрасии кушод маълумот пайдо нашуд. Тибқи баъзе маълумот, ҶДММ Ширкати истеҳсолӣ-сармоягузории “Ориён Инвест” соли 2015 бо қарори муассисони ҶС “Ориёнбонк” таъсис дода шудааст.

Чин истеҳсолоти зарароварро ба Тоҷикистон мекӯчонад

Айни замон дар ҷумҳурӣ 16 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дорад, ки иқтидори умумиашон ба 5,6 млн тонна маҳсулот дар як сол баробар аст.

Бузургтарини онҳо корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Ҷунгтсай Моҳир Семент”, “Хуаксин Ғайюр семент”, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” мебошанд, ки иқтидори насбшудаи ҳар кадоме аз онҳо беш аз 1,2 млн тонна дар як солро ташкил медиҳад. Зиёда аз 80%-и истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ ба ин корхонаҳо рост меояд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон ба корхонаи истеҳсоли семент барои ҳамсоякишварҳо табдил меёбад

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 2,4 млн тонна семент истеҳсол шудааст, ки 6,6% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Аз се як ҳиссаи маҳсулоти истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, экологҳо аз афзоиши истеҳсоли семент изҳори нигаронӣ карда, зикр мекунанд, ки ин ба ҳифзи муҳити зист ва саломатии мардум хисороти ҷуброннопазир расонида метавонад.

Онҳо бар ин назаранд, ки дар робита ба мушкилоти экологӣ солҳои охир Чин корхонаҳои асосии ифлоскунандаи ҳаво, аз ҷумла корхонаҳои сементбарориро ба берун аз ҳудуди кишвараш интиқол медиҳад.

Қаблан коршиноси австралиягӣ Дирк ван дер Клей дар мақолаи худ таҳти унвони «Чин истеҳсоли ифлоси сементи худро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад («Китай переносить грязное производство цемента в Таджикистан», China shifts polluting cement to Tajikistan) ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, зикр карда буд, ки бар асари ҷорӣ шудани меъёрҳои шадиди экологӣ дар Чин, сармоягузорони ин бахш барои афзоиши даромади худ ва сохтмони корхонаҳои нав кишварҳои дигари мусоид ҷустуҷӯ мекунанд ва Тоҷикистон яке аз ин кишварҳост.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...