Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 5 сентябр зимни вохӯрӣ бо роҳбари Фонди “Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ”-и Бонки исломии рушд (БИР) Валид Аддас даъват кард, ки маблағгузорӣбарои ҳалли масоили иҷтимоӣ зиёдтар карда шавад.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод хабар медиҳад, дар вохӯрӣ инчунин директори минтақавии БИР дар минтақаи Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ низ ҳузур дошт.
“Вазир аз ҷониби ҳайати Бонк даъват ба амал овард, ки бо назардошти таъсири буҳронҳои ҷаҳонии имрӯза маблағгузориро барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бештар намоянд, ки хуш пазируфта шуд”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, Фонди “Зиндагӣ ва рузгордорӣ” соли 2016 таъсис дода шуда, айни замон дар 33 кишвари аъзои Бонк фаъолият мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон лоиҳаи ин фонд – «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони ҶТ» ба маблағи 27 млн. доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад.
Зикр мегардад, ки дар мулоқот масъалаҳои рафти иҷрои лоиҳа, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, санитария ва таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.