spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Беларус ба таъмини Тоҷикистон бо техникаи мошинсозӣ омода аст

Сафири Беларус дар Русия Дмитрий Крутой зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳор намуд, ки кишвараш ба таъмини Тоҷикистон бо ҳама гуна навъи техникаи мошинсозӣ омода аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии диплорматии Беларус дар Маскав.

“Ин ҷо пеш аз ҳама, сари техникаҳо барои кон ва роҳҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ дар саноати маъдани кӯҳӣ ва соҳаи электроэнергетика сухан меравад”, – омадааст дар хабар.

Крутой имкони афзоиши назарраси таҳвили навъҳои нави автобус, мошинҳои боркаш, маҳсулоти коркарди чӯб, нафту кимиё ва металлургияи истеҳсоли Беларусро ба бозори Тоҷикистон таъкид кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ хоҳиши ифтитоҳи истеҳсолот оид ба васлу ҷамъи лифт, техника ва мебелро изҳор намуд. Ҳамчунин ӯ пешниҳод кард, ки қабули ҳадафноки шаҳрвандони Тоҷикистон ба макотиби олии Беларус зиёд шуда, фаъолияти факултаҳои муштарак рушд ёбад.

Гуфта мешавад, ин гуфтаҳои сафири Беларус дар посух ба суханони сафири Тоҷикистон дар бораи эълон шудани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон баён шудааст.

“Дар ин давра таъмини солонаи рушди иқтисод ба ҳисоби миёна дар сатҳи на камтар аз 7%, ду баробар афзоиши ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ, таъсиси беш аз 500 ҷойҳои холии корӣ ва коҳиши сатҳи камбизотаӣ то 15% ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳалли ин вазифаҳо иштироки фаъолонаи ширкатҳои Беларус пешниҳод мешавад. Ҷудогона хоҳиши дар Минск тайёр намудани мутахассисони тоҷик барои соҳаҳои гуногун изҳор шуд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин ҷонибҳо масоили муқовимат ба таҳримҳои Ғарб, имкони ифтитоҳи хатсайрҳои нави логистикӣ ба бозори кишварҳои сеюм, аз доллар даст кашидан дар ҳисоббаробариҳо ва воситаҳои молиявии дастгирии содирот ва лоиҳаҳои муштаракро низ баррасӣ карданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон воридоти маҳсулоти гӯшту шир ва техникаи кишоварзиро аз Беларус зиёд мекунад

Ба иттилои манбаъ, дар шароити кунунӣ ҷонибҳо болоравии нақши бозори кишварҳои ИДМ-ро ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният эътироф намуданд.

“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштаракро дар доираи ИДМ барои пешбурди ташаббусҳои муҳимтарин ҷиҳати коҳиш додани монеаҳои тиҷоратӣ, таҳкими таъминоти логистикӣ ва дастгирии молиявии корхонаҳо ҳамоҳанг созанд”, – илова мешавад дар хабар.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус давоми моҳҳои январ-августи соли равон ҳудуди 45 млн долларро ташкил додааст. Наздик ба 90% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба содироти молу маҳсулот аз Беларус ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...