Бонки осиёии рушд (БОР) маблағгузории иловагии грантиро дар ҳаҷми 43,2 млн доллар барои беҳбуди бехатарӣ ва эътимоднокии шабакаи роҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон маъқул донист.
Дар иттилоияи нашршудаи БОР гуфта мешавад, қисмате аз ин кумаки бебозгашт ба тавсеъаи дастрасии занон ба фаъолияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равона мегардад.
“Бо назардошти мавзеи кӯҳистон будан, надоштани роҳи баромад ба баҳр ва далели начандон фаъол будани дигар навъи воситаҳои нақлиёт, дар равуои мардум ва интиқоли бору маҳсулот дар Тоҷикистон чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз кишвар, роҳҳои автомобилгард нақши калидӣ доранд”, – зикр кардааст директори генералии БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков.
Ӯ таъкид доштааст, ки БОР баҳри беҳбуди долонҳо (коридорҳо)-и нақлиётии байнулмилалӣ ҳамаҷониба кумак кард.
“Айни замон мо баҳри беҳбуди шабакаи роҳҳои дохилӣ кор мекунем, ки ба талаботи ҳукумат ҷавобгӯ аст”, – илова намудааст Жуков.
Дар иттилоия зикр мегардад, ки гранти иловагӣ ба таъмиру навсозии қитъаи роҳи масофааш 40 километр аз Оқмазор то Бохтар дар вилояти аҳолиаш сершумори Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон равона мегардад.
Гуфта мешавад, ин кумак илова ба лоиҳаи грантии амалкунанда ба маблағи 67,5 млн доллар аст, ки соли 2020 аз ҷониби БОР барои таъмиру навсозии қитъаҳои рҳи мошингарди Данғара-Оқмазор ва Ҳулбук-Кангурт, таҳияи низоми идоракунии дороиҳои роҳ ва беҳбуди дастрасии занон ба имконоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар минтақаҳои лоиҳа тасдиқ шуда буд.
Дар иттилоия зикр мегардад, ки қитъаҳои мазкур бо шоҳроҳи Осиё 66, шабакаи ҳаётан муҳими васл миёни кишварҳои Осиё ва Аврупо пайваст мешаванд. Лоиҳа аз ҳадафҳои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути беҳбуди робита ва рақобатпазирии роҳҳои калидии миллӣ, ки бо долонҳои байнулмилалӣ пайваст мешаванд, дастгирӣ мекунад.
“Ин лоиҳа ба беҳбуди иртиботи роҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон кумак карда, сокинон ва корхонаҳои маҳаллӣ аз беҳбуди роҳҳо баҳра хоҳанд бурд. Кӯмаки мо дар таҳияи системаи идоракунии дороиҳои роҳ ба ҳукумат дар муайян кардани дар кадом қитъа зарур будани хидматрасонии техникӣ ва саривақт анҷом додани он кӯмак мекунад, ки дар ниҳояти кор ба таъмини устувории дарозмуҳлати роҳҳо мусоидат менамояд”, – гуфтааст мутахассиси БОР оид ба нақлиёт дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ хонум Рика Идей.
Инчунин дастгирии занони дар паҳлӯи қитъаи роҳи Оқмазор-Бохтар иқоматдошта тавассути барномаҳои таълимӣ барои рушди малакаҳо дар идоракунӣ ва оғози тиҷорат ва молия дар хонаводаҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои лоиҳа унвон мешавад. Омӯзиш бо истифода аз телефонҳои мобилӣ ва чорабиниҳои мактабӣ гузаронида мешавад.
Бонки осиёии рушд мададрасони бузургтарини бисёрҷонибаи Тоҷикистон буда, шурӯъ аз соли 1998 ба ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 млрд доллар, аз ҷумла беш аз 1,8 млрд доллар ба сифати грант кумак кардааст.