Мутахассисони Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон захираи фонди тухмии зироати ғалладона ва лӯбиёгиро барои кишт дар соли 2023 муайян карданд.
Бино ба маълумоти Раёсат, захираҳои тухмии ин зироатҳо 86 ҳазору 823 тоннаро ташкил медиҳад, аз ҷумла тухмии гандум – 77 ҳазору 663 тонна, ҷав – 8 ҳазору 506 тонна, сули (овёс) – 44 тонна ва лӯбиёгиҳо – 610 тонна.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки миқдори захираи тухмии ғалладонагиҳо ҳамагӣ 86823 тонна буда, аз он 37 тонна (0,1%) гурӯҳи элита, репродуксияи якум 3679 тонна (4,2%), репродуксияи дуюм 21205 тонна(24,4%), репродуксияи сеюм 25586 тонна (29,5%) ва 36313 тонна (41,8%)-ро тухмии шартӣ мебошад.
Яке аз масъалаҳои асосии мустаҳкам намудани амнияти озуқавории кишвар таъмин намудани аҳолӣ бо нон ва маҳсулоти нонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистон захираи тухмиҳои хушсифати зироатҳои ғалладонагиро самти афзалиятнок ҳисобида, ба рушди ғаллакорӣ ва афзун намудани истеҳсоли ғалла диққати ҳамаҷониба равона намудааст.
Барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ ва ҳосили соли 2023 Вазорат барои кишти соли 2023 ба миқдори 280 тонна тухмии гандуми гурӯҳи элита навъҳои “Гром” 100 тонна, “Алексеич” 120 тонна ва “Безостая 100” 60 тонна ворид намуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳо тақсим кард.
Тухмии гандуми навъи “Гром” гандуми мулоими тирамоҳӣ дар давраи озмоиш то 112 сентнер аз 1 гектар ҳосил дода, ба хушкӣ тобовар аст.
Навъи “Алексеич” низ дорои ҳамин хусусиятҳо буда, ҳосилнокиаш дар давраи озмоишӣ 132,7 сентнер аз 1 гектарро ташкил дод.
Ҳосилнокии гандуми тухмии навъи навъи “Безостая-100” ба ҳудуди 100 сентнер аз 1 гектар мерасад.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2023 барои кишт 41 ҳазор тонна тухмии гандум лозим аст.
Имрӯзҳо кишоварзон сабабҳои асосии паст гардидани ҳосилнокиро ба риоя нагардидани технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ ва мавҷуд набудани заминаи моддию техникӣ барои парвариши тухмиҳои сертификатсияшуда дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ марбут медонанд.
Яке аз омилҳои дигаре, ки солҳои охир ба ҳосилнокии ғалладонагиҳо таъсир расонида истодааст, ин тағйирёбии иқлим мебошад. Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур олимони соҳаро зарур аст, ки навъҳои нави серҳосили ба тағйирёбии иқлим мутобиқро офарида, дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд.
“Дар ҳолати маҳдудияти васеъ намудани майдони кишт дар заминҳои корами обӣ танҳо бо роҳи баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гузаштан ба технологияҳои муосири парвариш, самаранок истифода бурдани заминҳои обёришаванда, аз як замин ба даст овардани на як ду балки се-чор ҳосил (гандум ва дигар зироатҳо), рўёнидани ҳосили миёнаи гандум на кам аз 50 с/га дар ҷумҳурӣ имконпазир мегардад”, – зикр мешавад дар маълумоти Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.