Пас аз як моҳи рӯ ба поён овардани нархи сӯзишворӣ, ҳафтаи охир нархи газ наздик ба 2 сомонӣ гарон шуда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор гардидааст. Ин ба нархи роҳкирои мусофирон низ бетаъсир намондааст.
Дар 4 рӯзи охир дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар пайдо намудани гази моеъ мушкил гардида, фурӯшандагон дар тоблуҳои худ “газ нест” навиштаанд.
Имрӯз, 3-юми ноябр, дар Душанбе нархи гази моеъ ба 7 сомониву 50 дирам баробар аст, ки дар таносуб ба ҳафтаи гузашта 1 сомониву 30 дирам гаронтар шудааст. Пештар гази моеъ дар пойтахт 6 сомониву 20 дирам нарх дошт.
Ин болоравии нархи гази моеъ дар шаҳри Хуҷанд низ ба назар мерасад. Дар шимоли кишвар нархи гази моеъ 50 дирам гаронтар гардида, ҳоло як литри ин навъи сӯзишворӣ 6 сомониву 50 арзиш дорад.
Дар Бохтар нархи гази моеъ нисбат ба Душанбе ва Хуҷанд боз ҳам гаронтар гардидааст. Он дар муқоиса ба ҳафтаи қаблӣ 1 сомониву 70 дирам боло рафта, имрӯз ба 8 сомонӣ расидааст. Қаблан, ин навъи сӯзишворӣ дар ҷануби кишвар ба 6 сомониву 30 дирам баробар буд.
Аз ин рӯ, қимати сафар аз минтақаҳо ба Душанбе тақрибан 10-15% боло рафтааст. Масалан, ронандагони таксиҳои хусусӣ барои сафар аз Душанбе ба Панҷакент аллакай ба ҷои 150 сомонӣ 170 сомонӣ, дар Турсунзода ба ҷои 25 сомонӣ – 30 сомонӣ мегиранд.
Ронандагон мегӯянд, ки на танҳо болоравии нарх, балки камбуди маводи сӯхт низ мушоҳида мешавад. Давлат Бобоев, ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар, баён дошт, ки ду рӯз боз гази моеъ мекобад ва имрӯз аз як нуқтаи сӯзишворӣ бо нархи гаронтар пайдо кардааст.
“Беш аз даҳ сол аст, ки ронандагӣ мекунам ва тайи чанд соли охир мушкили гароншавии нархи сӯзишворӣ харҷамро бештар кардааст. Таҷриба нишон дод, ки соҳибкорон махсус дар фуруши сӯзишвориҳо маҳдудият ҷорӣ мекунанд ва бо ин тариқ, нархро болотар мебаранд. Ба назар чунин менамояд, ки касе парво надорад, ки ин ҳолат ба ронандагон зарари ҷиддии иқтисодӣ мерасонад. Мо нархи роҳкироро бардорем, сокинон аз мо норозӣ мешаванд”, – гуфт Давлат Бобоев.
Дар нуқтаи фуруши сӯзишвории “Bahor OIL”, ки дар ҳудуи терминали шаҳри Бохтар ҷойгир аст, ҳоло газ нест ва набудани ин навъи сӯзишворӣ масъулини ин нуқтаро ба ташвиш овардааст.
Яке аз кормандони ин нуқтаи сӯзишворӣ баён доштааст, ки газро аз ҳудуди шаҳри Душанбе, аз шарикони худ дар ин самт, дастрас мекарданд, вале ҳоло онҳо низ дар дастрас кардани газ маҳдудият доранд.
“Ду рӯз пеш мо низ норасоии гази моеъро дар шаҳр мушоҳида кардем ва барои дастрас кардани он ба шарикони худ дар шаҳри Душанбе занг задем, вале онҳо низ гуфтанд, чунин мушкил доранд”, – гуфтааст ин фурӯшанда ба “Фараж”.
Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон иттилоъ додаанд, ки маҳдудият буд, вале он бартараф шуд ва ин ба нархи сӯзишвори ҳеҷ таъсире нарасонидааст.
Ду коршиноси ин соҳо низ омили гарон шудани нархи газро ба “Азия-Плюс” равшан карда натавонистанд, танҳо гуфтанд, “мумкин аст, ки воридоти гази моеъ душвор гардида бошад”.
“Тибқи омори расмӣ 86% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия интиқол дода шуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд. Шояд мушкиле ба ворид кардани сӯзишворӣ пеш омада бошад”, – гуфт яке аз коршиносон.
Дар ҳамин ҳол, зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 12,7 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки 3,2 дар сад зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.
Бояд гуфт, ки дар зарзи ду моҳи охир дар саросари Тоҷикистон нархи ҳама навъи сӯзишворӣ боён омада буд. Омили поёнравии арзиши сӯзишвориро коршиносон ба фарорасии фасли зимистон ва анҷоми корҳои саҳроӣ маънидод мекарданд.
Ёдовар мешавем, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.